Рубрики Pressa

Воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз андоз озод шуданд


Воридот ва таҳвили таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ, аз ҷумла панелҳои офтобӣ бо дарназардошти табдилдиҳандаи ҷараён (инвертор), дастгоҳҳои захиракунандаи ҷараён, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо то 1-уми январи соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Вобаста ба ин 15 декабри соли равон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ гардид. Ҳамчунин, тибқи тағйироти воридшуда, объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо таҷҳизоти панелҳои офтобӣ бо қувваи номиналии 0,1 мегаватт ва зиёда аз он насб гардидаанд, ба муҳлати 5 сол аз пардохти андози объекти ғайриманқул озод мешаванд.

Ин тадбир ба ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи барқ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди энергияи тоза дар кишвар равона шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *