Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон бо Владимир Колоколтсев, ҳамтои руси худ дар робита ба қатли Қобилҷон Алиеви 10 сола, ки дар вилояти Маскав ба қатл расид, гуфтугӯи телефони анҷом додааст.
Ба навиштаи ВКД-и Тоҷикистон, Раҳимзода аз Колоколтсев талаб кардааст, ки сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.
ВКД- и Тоҷикистон навиштааст: “Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube