Рубрики Хабарҳо

Мавҷи ихроҷи фармондеҳони аршади артиши Русия дар ҷанг алайҳи Укроин

Раванди барканории фармондеҳони аршади артиши Русия ҳамчунон идома дорад. Бархе ин рӯйкардро бо талоши вазири дифоъи Русия барои суботи қудраташ вобаста медонанд. Сарлашкар Иван Попов мегӯяд, баъд аз интиқод аз “ҳидояти нокоромади ҷанг” ихроҷ шудааст. 

Бар асоси гузориши “Муасисаи мутолиоти ҷанг” (ISW)-и Амрико, Сергей Шойгӯ, вазири дифоъи Русия, пас аз ихроҷи ду генерали аршади артиши ин кишвар фармондеҳони барҷастаи дигареро низ барканор кардааст. 

Шойгу аз наздикон ва вазирони мавриди эътимоди Владимир Путин, раисҷумҳури Русия маҳсуб мешавад. Ҳоло ихроҷи ду сарлашкар, Иван Попов ва Владимир Селиверстов, фармондеҳи лашкари 106 аз сӯи вазири дифоъи Русия, таваҷҷуҳҳоро ба худ ҷалб кардааст. 

Гуфта мешавад, ки вазири дифоъи Русия зоҳиран дар талош барои тасбити қудрати худ аст. Бо ин ҳол, бархе аз коршиносони амрикоӣ бар ин боваранд, ки ин иқдом эҳтимолан мунҷар ба тазъифи чашмгири рӯҳияи сарбозони артиши Русия дар ҷанги таҷовузкоронаи ин кишвар алайҳи Укроин хоҳад шуд. 

“Муасисаи мутолиоти ҷанг”, ки андешакадае дар заминаи мутолиоти масоили дифоъӣ ва умури хориҷӣ аст дар гузориши худ дар бораи вазъияит феълӣ мегӯяд: “вазорати дифоъи Русия ҳазфи фармондеҳони бархе аз қавитарини воҳидҳо ва ташкилоти артиши Русияро оғоз кардааст. Ба назар мерасад, ки ин раванд дар ҳоли густариш аст.” 

Ба гуфтаи ин муассиса, воҳидҳое, ки шомили ихроҷи сарони аршади худ шудаанд “дар бахшҳои муҳимми ҷабҳа дар Укроин мустақар ҳастанд.” 

Коршиносони “Муасисаи мутолиоти ҷанг” мӯътақиданд: “ба назар мерасад боздоштҳои гузоришшуда дар бораи фармондеҳони барканоршудаи воҳидҳои артиши Русия ба иллати нофирмонии онҳо бошад.” 

Попов пас аз барканории худ дар як паёми савтӣ хотирнишон кард, ки “ба иллати интиқод аз ҳидояти нокоромад дар ҷанг, аз самти худ барканор шудааст.” 

Ба гузориши ISW, Владимир Путин низ нақши марказӣ дар ин буҳрон дорад. Ин муассиса таъкид мекунад, ки раисҷумҳури Русия “ба умеди дастёбӣ ба муваффақиятҳои сареъ дар майдони ҷанг, ҳамвора занҷираи фармондеҳи таъйиншударо нодида мегирад ва бо ин кор, ихтиёроти вазири дифоъ ва раиси ситодро маҳдуд мекунад.” 

Рӯйиҳамрафта коршиносони “Муасисаи мутолиоти ҷанг”-и Амрико мавҷи ихроҷҳо дар байни мақомоти аршади артиши Русияро “талоше барои ҳифзи контроли артиш”, арзёбӣ мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *