Рубрики Хабарҳо

Нишасти сарони кишварҳои ОМ ва Халиҷ. Оё Тоҷикистон манфиъате мебардорад?

Барои аввалин бор, чаҳоршанбе, 19 июл шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мизбони нишасти муштараки раҳбарони кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва кишварҳои Осиёи Миёна — Узбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аст. 

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки таваҷҷуҳ ва рақобати минтақаӣ ва байналмилаллӣ ҷиҳати афзоиши ҳамкорӣ ва равобит бо панҷ кишвари Осиёи Миёна ба далели мавқеияти геостратегӣ ва сарватҳои табиии онҳо афзоиш чашмгире ёфтааст. 

Раҳбарони кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷ ва Осиёи Миёна аз баъд аз зуҳри ба Ҷида расиданд то аввалин нишасти муштараки худ перомуни тақвият ва густариши равобит дар заминаҳои мухталифро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор диҳанд. 

Интизор меравад муколамаи стратегӣ, ки 7 сентябри соли 2022 бо ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ дар ар-Риёз ибтидо ёфта, минбаъд дар вохӯриҳо дар қароргоҳи Шӯрои Халиҷ дар сатҳи сафирони давлатҳои ҳар ду минтақа (охиринаш 16 январи соли 2023), ниҳоят, бо талошҳои пайгиронаи Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои халиҷии Араб д-р Нойиф Фалоҳ ал-Ҳаҷраф ҳангоми боздидаш аз давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2022 идома ёфта буд, дар ин нишаст дар сатҳи олӣ ба расмият дароварда шавад.

Ду минтақаро ба ҳам манобеъи фаровони табиии Осиёи Марказӣ ва сарвати кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ки мехоҳанд сармоягузорӣ кунанд, ҷалб кардааст. Интизор меравад дар ин нишаст фароянди ҳамкориҳои ду минатқа баррасӣ шавад. 

Кишварҳои арабии Халиҷ дар саросари ҷаҳон сармоягузорӣ мекунанд ва ҳаҷми ин сармояҳо ба беш аз триллион доллар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, бинобар фасоди густарда, идораи номуваффақ ва фазои бисёр номувофиқи сармоягузорӣ ба Тоҷикистон иҷоза намедиҳанд аз чунин фурсатҳо истифода кунад. Бештари фоида аз ин гуна нишастҳо насиби Узбекистону Қазоқистон мешаванд, ки фазои бозтар ва идораи муваффақ доранд.

Барои мисол дар турнеи осиёимиёнаии амири Қатар Узбекситон муваффақ ба имзои беш аз 15 созишномаи ҳамкории иқтисодӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар шуд, аммо он чи бо Тоҷикистон имзо шуд, аз “Ёддоштҳои тафоҳум” фаротар нарафт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *