Рубрики Pressa

Тағироти кадрӣ дар мақомоти судӣ


Имрӯз, 17 декабр бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор судяҳо аз вазифа озод шуданд.

 Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ, судяи суди вилояти Суғд, Самандари Қаландар, судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ва Давлатзода Нозим Исрам, судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон  бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа барканор гардиданд.

Инчунин, Шарифзода Манижа Мурод бо хоҳиши худ аз вазифаи судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шуд.

Бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Табарзода Қамариддин Мумин аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ва Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардиданд.

Ҳамзамон, Шарифзода Бадриддин Нуриддин бинобар вафоташ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *