18 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон» ба шаҳри Токиои Ҷопон сафар кард.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube