Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон “Паймони дӯстиву ҳамкорӣ дар ОМ”-ро имзо накард

Дар нишасти чаҳоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз, 21 июл дар Чолпон-Отаи Қирғизистон баргузор шуд, Паймони дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ барои тавсеаи Осиёи марказӣ дар асри 21 имзо шуд. 

Ин паймонро раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистона Садир Жапаров ва раисҷумҳури Узбекистона Шавкат Мирзиёев имзо карданд.

Гуфта мешавад Тоҷикистону и Туркманистон ба паймон баъди гузаштани протседураҳои дохилӣ ҳамроҳ хоҳанд шуд.  

Дар ин нишаст ҳамчунин ҳуҷҷатҳои зер имзо шуданд:

  • қарори раҳбарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмиллалии наҷоти Арал дар бораи тамдиди ихтиёроти президенти ин бунёд;
  • Байнияи муштараки Нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои ОМ;
  • консепсияи таомули кишварҳои ОМ дар чаҳорчӯбаи форматҳои чандҷониба;
  • барномаи минтақавии “роҳнамои сабз барои ОМ”;
  • харитаи роҳ барои оиди рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024;

“Мо имрӯз паймони дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ барои тавсеаи Осиёи марказӣ дар қарн бисту якумро имзо хоҳем кард. Ман итминон дорам, ки ин санади муҳим таъсири мусбате ба раванди наздикшавии бештари кишварҳои минтақаи мо ва таҳкими талошҳои муштарак дар пирӯзӣ бар чолишҳо ва таҳдидҳои навзуҳури замони мо хоҳад дошт. Ин як лаҳзаи таърихӣ аст ва ман умедворам, ки ин созишнома ба мабнои қобили эътимод барои рушди муштарак дар фазои Осиёи марказӣ табдил шавад”, — гуфт раисҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров.

Ӯ ҳамчунин эълон кард нишасти панҷуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *