Хайриддин Абдураҳимов, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.
Ҷанозаи марҳум имрӯз, 18 декабр баъди намози аср дар маҳаллаи Сари чашмаи шаҳри Бохтар баргузор мешавад.
Хайриддин Абдураҳимов аз соли 1999 то моҳи сентябри соли 2010 раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд. Ӯ дар пайи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010-ум, 2-юми сентябри 2010 аз мақомаш барканор шуд.
Ду сол баъд аз ин ҳодиса, номбурда раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2016 дар ин мансаб кор кард.
Баъдан, моҳи феврали соли 2016 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуд ва ноябри соли 2020 аз ин вазифа ба нафақа баромад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube