Рубрики Хабарҳо

Андӯҳи тоҷикон аз марги Муҳаммад Мурсӣ

Садҳо корбарони фаоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бинобар фавти Муҳаммад Мурсӣ, аввалин президенти мунтахаб ва мардумии Миср, ба мардуми кишвараш ҳамдардӣ баён карда, дар ҳаққи худи ӯ дуо намуданд. Тавре аз арзи тассаллиятҳо бармеояд, Муҳаммад Мурсӣ, на фақат дар Миср, ҳатто дар тамоми гушаву канори олам маҳбубият нисбати худ касб карда будааст. Ин дар ҳолест, ки роҳбарони кишварҳои диктатурӣ мисли Тоҷикистон ҳеҷ маҳбубияте ақалан дар байни мардуми худ надоранд.

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср рӯзи 17 июн дар толори додгоҳи шаҳри Қоҳира аз ҳуш рафта ва фавтидааст. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.

Яке аз аъзои баландпояи созмони «Бародарони Мусалмон» дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба «куштори аз қабл тарҳрезишуда» баробар донист.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ «фоҷиаангез», вале «пешгӯишаванда» буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад.

Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии «Ихвон-ул-муслимин», яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *