Масъалаи дур будани шавҳар аз зан яке аз масалаҳое аст, ки имрӯзҳо қариб дар ҳама оилаҳо дида мешавад. Шавҳарон маҷбур ҳастанд, барои ёфтани ризқи оилаашон ба сафар бароянд. Яке муддати як сол, дигаре чанд моҳ, дигаре муддатҳои тӯлонӣ аз оилааш дур зиндагӣ дорад.
АҲКОМИ ШАВҲАРОНЕ, КИ ДАР МУСОФИРАТ ҲАСТАНД
Дар замони ҳазрати Умар мардҳоро барои аскарӣ ба маконҳои дур мефиристонданд, боре ҳазрати Умар аз назди хонае гузар мекарданд, ки ногаҳон аз даруни хона овози зане ба гӯшашон расид, зани бечора аз фироқи дурии шавҳараш нола мекард.
Ҳазрати Умар аз духтарашон Ҳафса пурсиданд, ки зан то чанд муддат метавонад аз шавҳараш дур зиндагӣ кунад. Уммулмуъминин Ҳафса ҷавоб доданд: “Панҷ ва ё шаш моҳ”.
Сипас, Амиралмӯъминин Умар амр карданд, то ҳар марде, ки ба аскарӣ меравад, шаш моҳ нагузашта ба назди ҳамсараш баргардад.
Уламои фиқҳ Имом Молик, Абуҳанифа, Имом Шофеӣ мегӯянд: Умар аз рӯи иҷтиҳоди худ ҳукм карданд, то ҳар шавҳаре, ки дар мусофират аст, шаш моҳ нагузашта ба назди ҳамсараш баргардад.
Агар шавҳар шароит дошта бошад, шаш моҳ не, ҳатто дар як моҳ ва ё ду моҳ баргардад, беҳтар аст, барои он ки бо ҳам будани зану шавҳар мақсади асосии никоҳ аст. Инчунин, агар шавҳар ҳамсарашро дар макони ноамн ва дур аз хешутабор тарк карда бошад, ҳарчӣ зудтар бояд ба назди ҳамсараш баргардад.
Аммо, агар шавҳар шароит надошта бошад то дар шаш моҳ баргардад, ба мисли он ки ҷои кораш иҷозат надиҳад ва ё иқтисодаш заиф бошад, дар ин вақт дар муддати шаш моҳ барнагардад ҳам боке нест, ба шарти он ки ҳамсарашро дар макони амн, дар назди хешовандонаш ва ё шахсони амонатдор гузорад ва дар муддати дурӣ ҳамеша дар алоқа бошад.
Агар шавҳар як сол аз ҳамсараш дур зиндагӣ кунад ва дар ин муддат, зан аз дурии шавҳараш зарарҳои ҷиддӣ бинад, дар ин ҳолат зан ҳақ дорад, ба қозӣ шикоят барад ва тақозои талоқ кунад. Ба шарти он, ки шавҳар беузр аз ҳамсараш дур зистанро интихоб карда бошад, аммо барои талаби илм ва ё ҷои кору тиҷорат, агар шавҳар дар мусофират бошад, зан ҳақ надорад ба касе шикоят барад.
Зан замоне ба қозӣ шикоят мебарад, ки аз набудани шавҳар зарар дида истода бошад. Мақсад аз зарар дидани зан, зарарҳои ҷиддие аст, ки таҳаммулаш барои зан осон нест, ба мисли он ки муддати дароз шавҳар дар хориҷ бошад ва ҳеҷ як ёрие ба ҳамсарш нарасонад. Шароити ҳамсарашро муҳайё насозад. Ва ё он қадар муддати дароз дар мусофират бошад, ки ҳамсар аз танҳои азият шавад ва касе занро, ҳамчун зани шавҳардор нашиносад.
Зан дар ин ҳолат ба назди қозӣ ва ё муфтӣ рафта аз набудани шавҳараш шикоят мекунад, қозӣ муддати муҳаддадеро муайян мекунад, агар шавҳар ба назди ҳамсараш баргашт ва ё ҳамсарашро розӣ кард, хуб аст, агар шавҳар дар муддати муайянкардаи қозӣ барнагашт ва бо ҳамсараш ба алоқа набаромад, дар ин ҳолат қозӣ аз номи шавҳар занро талоқ медиҳад ва зан, пас аз гузаштани идда ҳақ дорад, ба каси дигар ба шавҳар барояд.
Қозӣ замоне байни зану шавҳар талоқ эълон мекунад, ки зан ба наздаш шикоят барад. Агар, зан ба дурии шавҳар сахтиҳои танҳоӣ ва пастии шароити худ сабр карда, ба қозӣ шикоят набарад, ҳатто сад сол аз ғайбӣ шавҳар гузарад ҳам, ягон талоқ воқеъ намегардад. Ба иттифоқи уламо, агар зан ба қозӣ шикоят набарад, агар пас аз солҳои тӯлонӣ шавҳар ба хонааш баргардад, бо ҳамсараш зиндагиро идома медиҳад.
Дар ҳолати муддати тулонӣ дур будани шавҳар зан ҳақ надорад, беҳукми қозӣ аз шавҳарш талоқ гирад ва ё ба шахси дигар ба шавҳар барояд.
Дар кишвари мо одатан мардҳо ба сабаби касбу кор ба муҳоҷират мераванд ва тӯли муҳоҷирати худ бо оилаи худ дар алоқа ҳастанд, маблағ мефиристанд, занг мезананд, ҳамеша аз худ дарак медиҳанд, дар ин ҳолат зан ҳақ надорад, аз дурии шавҳар назди қозӣ шикоят барад.
Ногуфта намонад, ки мардҳое ҳам ҳастанд, ки пас аз ба муҳоҷират рафтан, ҳамсари дар хона мунтазир истодаи худро фаромӯш месозанд. На аз худ дарак медиҳанд, на маблағе ба ҳамсар мефиристанд. Дар назди ҷумҳури уламо, агар мард ба сафар барояд ва дар муддати як сол ба хона барнагардад ва дар ин муддат ба ҳамсараш нафақа надиҳад ва ба алоқа набарояд, зан ҳақ дорад ба қозӣ шикоят бурда, талаби талоқ кунад, ба шарти он ки беягон сабаб шавҳар як соли комил занро ба ҳоли худаш вогузошта бошад.
Талаби талоқ кардан ба сабаби ғайби тӯлонии шавҳар ин ҳаққи зан аст, агар ман сабр мекунам ба касе шикоят намебарам гуфт, боз ҳаққи худаш аст.
ТАЛОҚ БА САБАБИ ҲАБС
Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки шавҳарро ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мекунанд, хусусан дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон бисту панҷ солу си сол умри касеро паси деворҳои торик нобуд месозанд, он ҳам аз рӯи ноҳаққӣ, золимӣ ва беинсофиву бераҳмӣ. Чӣ қадар ҳамватанони мо мисли Юсуфи Паёмбар ба тӯҳмат дар кунҷи зиндонанд ва касе ба додашон намерасад.
Агарчӣ оиди зиндону зиндониён суҳбат кардан хеле бароям душвор аст, аммо ҳатман бояд амонати илмиро расонем.
Дар назди баъзе уламо мисли Аҳмади Ҳанбал ва Имом Молик, агар шавҳар ба зиндон маҳкум гардад ва зан ба сабаи зарар дидан аз зиндони будани шавҳараш ба қозӣ шикоят барад, дар ин ҳангом қозӣ талоқ эълон мекунад.
Албатта шавҳаре, ки дар зиндон аст, аз ӯ талаби талоқ кардан бевиҷдонист, аммо ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки занро маҷбур месозад, талаби талоқ кунад.
Баъзан шавҳари арӯсаки ҳаждаҳсоларо ба солҳои тӯлони зиндонӣ мекунанд. Бист сол, си сол дар хонаи хушдоман мунтазир мондан хеле барои арӯсак сангин аст, боз чашмҳои бади мардум ҳар лаҳза тӯҳматҳо нисбати занҳои ҷавони танҳо. Аз ин хотир, агар зан ба сабаби зарар дидан аз зиндонӣ будани шавҳар талаби талоқ кунад, қозӣ байни зану шавҳар талоқ эълон мекунад.
ҚАСАМ ХӮРДАНИ ШАВҲАР БА ИН, КИ БА ҲАМСАР НАЗДИКӢ НАМЕКУНАД
Дар замони ҷоҳилият пеш аз омадани ислом мардҳо, агар ҳамсари худро азият додани мешуданд, қасам мехӯрданд, ки дигар ба ҳамсари худ наздикӣ намекунад, бо ҳамин зан на талоқ гирифта ҳисоб мешуд, на ҳамсари шавҳаре. Шавҳараш ба ӯ ҳамчун ҳамсар муомила намекард, ӯ низ ҳақ надошт ба касе ба шавҳар барояд, ҳамин тавр зан муаллақ мемонд, азият медид. Вақте Ислом омад, Аллоҳи меҳрубон ин одати бади арабҳоро ботил сохт ва ин Ояти каримаро нозил кард, сураи Бақара ояи 226:
للذين يؤلون من نسائهم تربص اربعة اشهر
Он мардҳое, ки қасам ёд мекунанд, ки ба ҳамсаронашон наздикӣ намекунанд, пас аз қасам хӯрдан то чаҳор моҳ вақт доранд, аз қасами хурдашон баргарданд, агар чаҳор моҳ гузашту дар қасамашон истоданд, дар ин ҳолат қозӣ байни зану шавҳар талоқ эълон мекунад, агар то чаҳор моҳ аз қасами худ баргаштанд, Аллоҳ бахшояндаву меҳрубон аст.
Мувофиқи ин Ояти карима, агар марде қасам хӯрад, ки асло ба ҳамсараш наздикӣ намекунад, ки инро дар шариати Ило (қасам) мегӯянд, то чаҳор моҳ ҳақ дорад, то аз қасамаш баргардад, агар чаҳор моҳ гузашту дар қасами худ истод ва бо ҳамсараш оштӣ накард, дар ин вақт қозӣ ҳукми талоқ эълон мекунад ва пас аз ин шавҳар танҳо бо никоҳи нав, ризогии зан ва маҳри нав метавонад, ҳамсарашро баргардонад.
Қаҳрӣ шудани мард бо зан муддати муайян дорад, мувофиқи ин Ояти карима, пас аз чаҳор моҳи қаҳрӣ гашта, ҷимоъ накардани шавҳар, байни зану шавҳар қозӣ ва ё муфтӣ бояд талоқ эълон кунад.
Муслимаи Аҳмадӣ