Сохтумони ду нерӯгоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон оғоз шудааст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16- уми декабр дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд.
Сохтумони нерӯгоҳҳо бо иқтидори 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Дар назар аст сохтумони нерӯгоҳ моҳи августи соли 2026 ба анҷом расад.
Эмомалӣ Раҳмон: “Мо тасмим гирифтаем, ки давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар мамлакат якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube