Рубрики Pressa

Таҷдиди 1,5 километр роҳ дар Бохтар


Дар шаҳри Бохтар 1, 5 километр роҳ мумфарш карда шуд. Ин иқдоми муҳим бо дастгирии мақомоти маҳалллӣ ва саҳми сокинон амалӣ гардидааст.

Аз шаҳрдории Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард, дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Ба иттилои расида, бо саҳми сокинон 1 километру 500 мерт роҳи мошингарди маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар пурра мумфарш карда шуд, ки шароити рафтуомади сокинон ва ҳаракати нақлиёт ба таври назаррас беҳтар шуд.
“Сокинони шаҳри Бохтар аз таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, амалишавии иқдомҳои созандаро нишонаи ғамхории Роҳбарияти олии кишва ба беҳбудии зиндагии мардум арзёбӣ карданд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *