Рубрики Pressa

Маърифати молиявӣ. Асрори муваффақияти Роберт Киосаки


Роберт Киосаки устоди маъруфи бизнес дар ҷаҳон аст. Ӯро оламиён бештар  бо китоби машҳури «Падари сарватманд, падари камбағал» (Rich Dad Poor Dad) мешиносанд. Китобе, ки тафаккури молиявии миллионҳо нафарро тағйир додааст.

Ӯ кист?

Роберт Киосаки соли 1947 дар Ҳавайӣ (ИМА) таваллуд шудааст. Падараш омӯзгор ва корманди давлатӣ буд. Шахсе, ки маълумоти олӣ, аммо даромади маҳдуд дошӣ. Маҳз муқоисаи зиндагии падари худ бо падари дӯсти кӯдакиаш, ки соҳибкор ва сарватманд буд, ба Роберт дарси асосии ҳаётро омӯзонд. Яъне, маълумоти расмӣ кафолати сарват нест.

Худи Киосаки ҳам менависад: «Дар мактабҳо моро меомӯзанд, ки чӣ гуна кор ёбем, на чӣ гуна сарват созем».

Киосаки чӣ гуна сарватманд шуд? Ӯ роҳи маъмулии “кор кун,  маош гир”-ро интихоб накард. Ӯ пас аз хизмат дар нерӯҳои баҳрӣ ва омӯзиши фурӯш ба соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва махсусан амволи ғайриманқул рӯ овард. Сарчашмаҳои асосии сарвати Роберт Киосаки сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул, тиҷорат ва ширкатҳои омӯзишии молиявӣ,  китоб ва барномаҳои таълимӣ, инчунин, сармоягузорӣ ба дороиҳое, ки даромади доимӣ меоранд.

Ба гуфтаи ӯ, сарватмандон барои пул кор намекунанд. Онҳо пулро водор мекунанд, ки барои онҳо кор кунад.

Фарқ байни сарватманд ва камбизоат

Якум, тафаккури молиявӣ. Киосаки таъкид мекунад, ки фарқи асосӣ байни сарватманд ва камбизоат дар тарзи фикрронӣ аст, на дар маош. Камбизоатон чунин мепурсанд: “Чӣ қадар маош мегирам?”. Аммо сарватмандон мепурсанд: “Ин ба ман чӣ қадар даромади доимӣ меорад?».

Дуюм, дороӣ ва ӯҳдадориҳо. Яке аз идеяҳои машҳури ӯ фарқ гузоштан байни дороиҳо  ва ӯҳдадориҳо мебошад. «Дороиҳо ба ҷайби шумо пул меоранд, ӯҳдадориҳо пулро аз ҷайбатон мебароранд», -таъкид мекунад номбурда.

Сеюм, омӯхтан аз хатоҳо. Киосаки борҳо нокомӣ ва муфлисшавиро таҷриба кардааст, аммо онро як қисми роҳи муваффақият мешуморад.

«Ман аз нокомӣ наметарсам. Ман аз он метарсам, ки ҳеҷ чиз наомӯзам»,-чунин мешуморад ӯ.

Чорум, мустақилияти молиявӣ, на танҳо сарват. Ба андешаи ӯ, ҳадафи асосӣ  озодӣ аст, на пул. «Пул муҳим нест. Озодӣ муҳим аст»,-таъкид медорад Киосаки.

Воқеан ҳам, Роберт Киосаки устоди тафаккури молиявӣ мебошад. Ба мардум меомӯзад, ки барои пул кор накунанд, балки пулро барои худ кор фармоянд. Саводи молиявиро рушд диҳанд ва аз хатар наҳаросанд. Ҳамзамон, барои ояндаи худ масъул бошанд. Мероси асосии Киосаки ин аст, ки сарват аз фикр оғоз меёбад.

У. Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *