Рубрики Pressa

$302,9 млн воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон


Дар 10 моҳи соли 2025 ба Тоҷикистон ба маблағи 302,9 млн доллар чӯбу тахта ва маснуоти аз он ворид карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 фоиз ё 30,7 млн доллар бештар мебошад. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар медиҳад.

Русия  бузургтарин содиркунандаи масолеҳи чӯбу тахта ба Тоҷикистон боқӣ мемонад ва 60-65 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад. Қазоқистон ва Беларус низ аз ин навъи масолеҳ ба Тоҷикистон содирот мекунанд, вале ҳиссаи онҳо назар ба Русия  камтар аст. Ҳамзамон, тибқи маълумоти Идораи нозироти ҷангали Русия, Тоҷикистон воридкунандаи асосии масолеҳи чӯбу тахта аз Ҷумҳурии Хакасия мебошад. Дар 11 моҳи соли 2025 аз Хакасия ба Тоҷикистон зиёда аз 22,2 ҳазор метри мукааб чӯбу тахтаи сӯзанбарг ворид гардидааст, ки 92,24 фоиз аз ҳаҷми умумии содироти ин навъи маҳсулот аз ин минтақаи Русияро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,39 фоиз зиёд мебошад.

Қисми асосии масолеҳи воридшуда ба чӯбу тахтаи аррашуда рост меояд, ки ҳаҷми он тақрибан 23,3 ҳазор метри мукааб мебошад. Ин омор аз боло рафтани талабот ба чунин масолеҳ дар бозори Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Тибқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, солҳои 2026-2028 афзоиши ҳаҷми воридоти чӯбу тахта идома меёбад. Ин афзоиш, пеш аз ҳама ба рушди соҳаи сохтмон ва зиёд шудани талабот ба масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла чӯбу тахтаи хушсифат ва маснуоти аз он вобаста аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *