Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода шоири шинохтаи тоҷик Гулноз Тоҳириёнро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Гулноз Тоҳириён бо унвони баланди «Доктори фахрии Созмон ва Академияи ҳифзи фарҳанг ва забонҳои Испания» сарфароз гардонида шудааст. Ин унвони ифтихорӣ дар доираи саммити байналмилалӣ, ки дар шаҳри Мадриди Шоҳигарии Испания баргузор гардид, ба шоири тоҷик эҳдо шуд. Дар ҳамоиши мазкур наздики 100 нафар намояндагони соҳаҳои адабу фарҳанг аз 37 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Гулноз Тоҳириёнро бо ин дастоварди шоиста табрик гуфта, таъкид намуд, ки чунин муваффақиятҳо нишонаи эътирофи ҷаҳонии фарҳангу адаби тоҷик буда, саҳми арзандаи эҷодкоронро дар муаррифии миллат ва забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ инъикос менамояд.
Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои рушди адабиёти муосир, дастгирии эҷодкорон ва нақши онҳо дар таҳкими маънавии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят ба шоир барору комёбиҳои нави эҷодӣ таманно намуда, изҳори умед кард, ки аҳли эҷод минбаъд низ барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва адабиёти миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми бештар мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки Гулноз Тоҳириён аз шоирони маъруфи кишвар буда, муаллифи китобҳои «Ашки ширин», «Аз нигоҳ то шеър», «Паовози дунё», «Шаб дар паси ман буд», «Пероҳане дар бод», «Чатри наҷоти садо», «Парандаҳои махмалӣ» ва дигар асарҳо мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube