Ошкор шудани як ҳолати дуздии барқ аз ҷониби корманди зеристгоҳи барқ дар ноҳияи Темурмалик.
Дар ин бора рӯзи 20- уми декабр Агентии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон хабар додааст.
Манбаъ аз ин корманд Шӯҳрат Самиев номбурда гуфтааст, ки номбурда “аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, ки дар наздикии зеристгоҳ ҷойгир аст, хатти барқро пинҳонӣ кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунаказ неруи барқ ғайриқонунӣ истифода менамудааст”.
Ба иттилои манбаъ нисбати Самиев протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube