Барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугар ҷазо таъин мешавад. Ин тағиротро Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Кодекси ҷинои ворид кардааст.
Бар асоси қарори Маҷлиси миллӣ, минбаъд нафароне, ки назди фолбин ва ҷодугарҳо мераванд аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима мешаванд.
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанзода узви Маҷлиси миллӣ, ҳадафи тасвиби ин қонун “пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ” мебошад.
Бояд қайд кард, ки тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, ки бар асоси он мизоҷони фолбинҳо ҷазо мегиранд, қаблан аз сӯи парлумони Тоҷикистон қабул шуда буд.
Акнун баъди имзои ин санад аз тарафи президент, эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube