Рубрики Pressa

БАТР барои Душанбе 6 миллион қарзу грант медиҳад


Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 6 миллион доллар қарзу грант медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, то соли 2028 беш аз 500 ҳазор сокини пойтахт дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд. Лоиҳаро 12-уми декабр вакилони парлумон баррасӣ ва ба тасвиб расонидаанд.

Нигина Шарифзод, вакили парлумон зимни баррасии лоиҳа гуфтааст, ки аз маблағи умумӣ 3 миллион доллар грант ва 3 миллион доллар қарз аст. Ба қавли ӯ, дар доираи лоиҳаи мазкур таҷдид ва тавсеаи шабакаҳои гармидиҳӣ дар назар буда, 193 биною иншоот ва 8 бунгоҳи насосӣ ба шабакаи мутамаркази гармидҳӣ пайваст мегардад. Ӯ гуфтааст, ин созишномаи қарзӣ аз соли 2021 амал мекард ва лоиҳаи мазкур “Созишномаи қарзии иловагӣ” буда, аллакай рӯзи 6-уми октябри имсол байни Вазорати молия, шаҳрдории пойтахт, “Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе” ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд имзо шудааст.

Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон низ дар баррасии лоиҳа гуфтааст, он барои муайян кардани талафоти қувваи гармӣ, коҳиши садамаҳо дар шабакаҳои барқӣ ва камхарҷ кардани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ татбиқ хоҳад шуд. “Давраи амали созишномаи қарзии иловагӣ аз соли 2025 оғоз гардида, анҷоми он то соли 2028 ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармӣ дар фасли зимистон таъмин гардида, ба коҳиш ёфтани ҳаҷми партови гази карбон (СО2) мусоидат хоҳад кард”, – гуфтааст Маҷидӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *