Рустам Ятимов, дарвозабони тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯйхати гаронбаҳотарин дарвозабонҳои Осиё ба зинаи шашум баромадааст. Ҳоло арзиши ӯ 1,80 млн евро аст, ки ин рекорди мутлақ барои футболбозони тоҷик мебошад.
Арзиши дарвозабони мунтахаби кишвар 300 ҳазор евро боло рафта, дар муқоиса аз дарвозабонони Индонезия ва Австралия пеш гузашт. Маъмулан дар ин “бозор” намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Ховари Миёна қарор мегиранд.
Ғайр аз ин, Ятимов гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ дониста шудааст. Баъди ӯ, нархи дарвозабони Ӯзбекистон 1,5 млн евро мебошад.
Дар қисми болоии раддабандӣ бартарии комили Ҷопон дида мешавад. Пешсафи рӯйхат Дзион Судзуки аз “Парма” аст, ки арзишаш ба 20 млн евро мерасад. Ин нишондиҳандаест, ки барои аксари лигаҳои футболи Осиё дастнорас маҳсуб меёбад. Дар идома ҳамватанони ӯ Лео Кокубо аз “Сент-Трюйден” (4 млн) ва Йохей Такаока аз “Ванкувер” (3,5 млн) қарор гирифтаанд.
Ба панҷгонаи аввал инчунин Эмил Аудеро аз Индонезия (“Кремонезе”) – 3,2 млн, Кейсуке Осако аз Ҷопон (“Санфречче Хиросима”) ва Мэтю Райан аз Австралия (“Леванте”) – ҳар кадоме 2 млн қарор доранд.
Рустам Ятимов дар зинаи 6-ум (1,8 млн) қарор дошта, дар идома дарвозабонҳои зерин ҷой гирифтаанд:
– Абдулвоҳид Неъматов аз Ӯзбекистон (“Насаф”) – 1,5 млн евро;
– Косей Тани (“Матида”), Томоки Хаякава (“Касима”) аз Ҷопон – 1,5 млн евро;
– Мартен Паес аз Индонезия (“Даллас”) – 1,5 млн евро;
– Ҷо Гаучи аз Австралия (“Пор Вейл”) – 1,4 млн евро;
– Риесуке Кожима аз Ҷопон (“Касива”) – 1,2 млн евро;
– Брендон Нозава аз Ҷопон (“Антверпен”) – 1 млн евро;
– Бум-Кун Сонг аз Корея Ҷанубӣ (“Чонбук Хендэ Моторс”) – 1 млн евро.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube