Дар километрҳои 68 ва 73-и шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ аз фаромадани тармаи нисбатан хурд хабар дода шудааст. Дар ин бора ширкати “IRS”, ки нигаҳдории роҳро дар ин масир бар ӯҳда дорад хабар додааст.
Манбаъ гуфтааст: “Боридани барф дар масири Душанбе – Чаноқ идома дошта, дар баъзе қитъаҳо, аз ҷумла километрҳои 68 – 73 панҷ тармаи нисбатан хурд фаромад”.
Тармаҳои фаромада тоза карда шуда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube