24-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
“Бунёд ва ба истифода супоридани бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе замина гузошт, ки шумораи кормандон аз 40 каси қаблӣ ба 70 кас расонида шавад.
Толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҷамъомаду вохӯриҳо пешбинӣ шуда, истифода аз китобхонаи электронӣ воситаи рушди дониш ва огоҳии кормандон аз навгониҳои илмӣ хоҳад буд”, навиштааст Хадамоти матбуотӣ президент.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube