Вазораи корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 40 солаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ хабар додааст, ки ба куштори падари 69- солааш мутаҳ мебошад. Ба гуфтаи манбаъ шаби 20 ва 21- уми декабр падару писар бо ҳам дар ҳолати мастӣ ҷангҷол кардаанд.
Мақомот навиштааст: “Падари 69-сола бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо чангак (барои кофтани оташдон) ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст. Дар натиҷа падараш ба болои оташдон афтида, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, тахминан соати 04:00, ба ҳалокат расидааст”.
Нисбати гумонбар бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин моддаи қонунгузорӣ вобаста ба бандҳояш аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube