Рубрики Pressa

Ҷазо барои шикори бабри барфӣ сахтар мешавад


 Аз ин пас барои шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон мумкин аст гунаҳкорро то 8 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

 Бабр, ё паланги барфӣ, ки онро паланги осиёимиёнаӣ ҳам мегӯянд, дар кӯҳистонҳои Помир дар Тоҷикистон сукунат дорад ва ҷонвари дар вартаи нобудӣ аст.

Дар асоси Кодекси ислоҳшудаи ҷиноӣ, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми декабр имзо кардааст, барои фурӯхтани паланги барфӣ ҳам ҷазо таъйин шудааст.

Дар Кодекси пешинаи ҷиноӣ барои шикору куштани ин ҷонвари зебо аз 3 то ба 5 сол ҷазо медоданд. Бар асоси санади нав, барои шикору куштану фурӯхтани бабрӣ барфӣ аз соли оянда ҷаримаҳои бузурги то 220 000 сомонӣ ва ё 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон теъдоди бабри барфӣ, ё осиёмиёнаӣ андаке афзуда, аз марзи 500 сар гузаштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *