Рубрики Pressa

Боздошти Фирӯза Ҳафизова барои беэҳтиромӣ нисбат ба пули миллӣ


Сарояндаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова барои беэҳтиромӣ нисбат ба пули миллӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Тибқи наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, ҳангоми ҳунарнамоии Фирӯза Ҳафизова дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт шаҳрвандон ба сараш пул мепартоянд. Дар навор дида мешавад, ки сароянда пулҳоро зери по монда, суруд хонда ва мерақсад.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ин ҳодиса рӯзи 20 декабри соли равон дар тарабхонаи «Милениум»-и пойтахт ба вуқуъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса на танҳо сароянда, балки чанд шаҳрванди дигар низ барои партофтан ва часпонидани пул боздошт шудаанд.

Айни замон нисбати боздоштшудагон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *