Рубрики Pressa

Душанбе мизбони театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мешавад


Душанбе соли 2027 мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон мешавад.

Дар ин бора рӯзи 24-уми декабр Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ба имзо расид. Ин  Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Вазири фарҳанги  Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Президенти Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои театрӣ Карина Сатурова ба имзо  расидааст.

Манбаъ гуфтааст, ки “Форуми театрии ҷавонон ба таҳкими робитаҳои эҷодии ҷавонони соҳаи театр дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон равона гардидааст”.

Бояд қайд кард, ки Форуми театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар се сол як маротиба баргузор мегардад.  Форум нахустин маротиба соли 2012 дар Кишинёв, соли 2015 дар Минск, соли 2018 дар Ереван, соли 2021 дар Тошканд ва соли 2024 дар Алмато баргузор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *