Як нома аз Душанбе-пойтахт мамлакат, як нома аз муаллифи ҳамешагии мо аз Волгоград ва номаи охир аз Нурободро ин навбат бароятон омода намудаем.
Номаи Душанбе аз як нафаре аст, ки солҳо дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта ва дар хонаву коргоҳҳои нафароне аз низомиҳои пешини Русия, ки солҳои пеш, солҳои ҷанг дар Тоҷикистон кор кардаанд, кор кардааст. Вай дар ин нома баъзе фикру мулоҳизоеро пешкаш намудааст, ки қабул кардан ва ё накарданро ба ихтиёр ва қазовати худи шумо ҳавола мекунем.
Муаллифи доимии аз Волгоград ин бор низ як мақолаеро дар робита ба маҳдудияти неруи барқ аз сомонаи нашрияи чопи Душанбе интихоб намуда ва бо муаллифи он баҳс кардааст.
Нависандаи нома аз Нуробод аз порагирву порахӯриҳои масъулони арсаҳои мухталифи ҳкомияти ин ноҳия навишта ва аз раиси ноҳия даъват кардааст,ки ҷилави онҳоро бигирад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман солҳои дароз дар Русия кор карда бо баъзе аз афсарони пештараи шӯравӣ ва Русия ҳамшин шудаам ва гоҳо дар бораи сиёсат ҳам сӯҳбат мекардем.
Суҳбатҳои яке аз полковникҳои пешина бо гузашти шаш-ҳафт сол аз ёдам намеравад.
Дар бораи президенти Узбекистон Ислом Каримов гап мерафт. Ин полковник гуфт, ки Ислом Каримов барои Узбекистон ва мардуми худ бисёр хизмат кардааст, вале дар вақти сарварии ӯ шиками (бачадони ) занонро мебуриданд.
Ман ба ин гап аввал аҳамият надодам. Лекин дар сари ман чунин фикр омад, ки Ислом Каримов агар шиками занеро бурад, шиками зани тоҷикро мебурад.
Дар муддати ҳабдаҳ, ҳаждаҳ соле, ки дар муҳоҷирати Русия будам, то ҳол тоҷикеро надидам, ки шаҳрванди Узбекистон бошаду зиёда аз ду фарзанд дошта бошад. Ман аҳамият дода будам, ки дар Тоҷикистон хеши андак дуртари мо панҷ- шаш фарзанд дошт ва чи намуди спирале бо укол дар ӯ зада буданд, бо хоҳиши ӯ ва шавҳараш, он зан ба монанди пуффак фарбеҳ шуда буд ва занҳои тоҷикро ( шаҳрвандони Ӯзбекистонро), ки медидам ба монанди он зан буданд ва доим аз бемории худ шикоят мекарданд.
Ба ғайр аз ин тоҷикони гирду атрофи Самарқанду Бухоро мегуфтанд, ки вақте мо хурд будем дар кӯчаву мактаб ҳама ба тоҷикӣ гап мезаданд, ҳоло не. Баъд аз истиқлолият ӯзбекон бениҳоят зиёд шуданд, аммо дар хурдӣ мо онҳоро қариб ки намедидем.
Аз рӯйи гуфтаи сокини Бухоро, ки як сол бо вай дар якҷо кор карда будем, имрӯз агар дар Узбекистон гринкартаи амрикоӣ дода шавад, бисёртар ба тоҷикони Самарқанд дода мешавад, агар укол кардани занҳоро бас карда бошанд ҳам.
Тоҷикро бо роҳи дигар сафашро кам мекунанд.
Вале аз ҳама аҷоибаш дар чист? Агар душмани мо моро нобуд кунад, душманро фаҳмидан осонтар аст ки ӯ душман аст,
Моҳи август ё сентябри гузашта дар шабакаҳои Тоҷикистон ваксинаеро нишон доданд, ки барои ҳифзи саломати духтарон аст ва ба духтарони синфи чор то даҳи мактаби миёна дар мактабҳо укол карда мешавад. Баъд аз як ду ҳафта ин хабарро андак дигар карда хабар доданд, ки ваксина барои пешгирии саратони гарданаки бачадон( рак шейки матки) карда мешавад.
Ман ҳам ба монанди бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуфтаҳои ин ҳукумати бе имону нангу номус ҳеҷ боварӣ надорам. Чунки ман фаромуш намекунам хабари соли 2023- ро, ки ҳукумат бо ваҳму воҳима хабар дода буд, ки дар соли 2023 сафи кӯдакони навзод 350 000ва ин рақам аз фавтидагон зиёд аст.
Албатта, агар шахси мусалмон кӯдакони навзодро беҳтарин неъмати Худо донад ин ҳукумати беақлу бе номус зиёд шудани миллатро мушкилӣ меҳисобад.
Ин ҳукумати бе номус, то маҳру қалинги духтарон биниашро халондааст, ки қалин арзон будаст, қалинро бардоштан даркор то оилаҳо пош нахӯранд. Дар асли кор нияте доранд, ки писарони бечора зан гирифта натавонанд, сафи мардуми мусулмон зиёд нашавад.
Тарси ман дар баробари нобуд шудани миллати тоҷик дучанд мешавад. Вақте ки сафи бе номусон ( ҳукумат ва амнияти имрӯза) зиёд мешавад.
Худо накунад, ки ин беномусон зиёд шаванду Тоҷикистони азизи мо Беномусистон шавад.
Мо медонем, ки ташкилкунандаи ҷанги дохилии мо Ислом Каримов бо ҳамроҳи КГБ-и Русия буд ва маҳз ҳаминҳо ба дасти мардуми бечораву бесавод яроқ доданд, то бародари мусулмонашро бикушад. Ба мо ҷавоби ин ҳукумати беномус даркор. Дар вақте мардуми фирефташудаи тоҷик дар Душанбею Ғарм якдигарро мекуштанд, чи қуввае буд, ки дар Шаҳритус, Қурғонтеппа, Вахш ва дигар шаҳрҳо тоҷиконро мекуштанду узбеконро даст намезаданд?
Мардуми гурезаи Тоҷик аз кӣ гурехта ба хоки Афғонистон рафтанд? Магар мардуми мусулмон онҳоро кушт? Барои чи ин амалҳои ғайриинсонии артиши Узбекистонро касе ба ёд наовард ва ҳамаи ин кушторҳо дар гардани мардуми мусулмон ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бор аст то ба имрӯз
Бародар, умри мо дар муҳоҷират мегузарад. Вазиру раису амнияту милисаи ин ҳукумати беномусонро намешиносам, гуноҳҳои ин беномусон дар чашми ман наметобад. Аз он сабаб, ки ман медонам сарчашмаи ин ҷиноятҳо Раҳмонов ва оилаи ӯ аст. Мо солҳои дароз миннати дуруғи Раҳмоновро мешунавем, ки гуё маҳз ӯ мардумро аз ҷанг халос кардааст. Аммо дар амал ҳамин Ислом Каримов ва КГБ-и Русия ба дастони Эмамолӣ Раҳмонов яроқу аслиҳа дода бар зидди халқи тоҷик хезонданд. Раҳмонов сулҳ накардааст. Раҳмонов ҷанг кардааст, ҷанг бо пуштибонӣ ва ёрдами Узбекистону Русия.
Айни ҳол бошад тамоми маблағҳои ҷаримаву андоз, маблағҳои растаможкаву утилизатсияи мошинҳо, тамоми маблағҳои ғоратшуда аз мардуми мо ба ихтиёри Рустами Эмомалӣ супорида мешавад, то дар муддати кӯтоҳ шаҳри Душанберо ба гуфтаи худ зебо кунаду ба тахти падараш нишинаду то охири умри мо ба мо миннат кунад, ки бе Рустам шаҳрро дигарон обод карда натавонистанд, шаҳрро сохт Тоҷикистонро ҳам месозад. Аммо, ман, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе ҳастам, ба ҷуз аз домсозӣ ҳиҷ ободиро дар шаҳр намебинам. Ин пулҳоро Рустам дуздиву ғорат мекунад, вале ҳеҷ ободкорӣ карда наметавонад.
Волгоград
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Хабарҳое, ки аз ватан дар бораи лимити барқ мерасад, дар ҳақиқат одамро беҳад зиқу ноумед месозад. Ин ҳукумати Тоҷикистон неруи барқро ба хориҷа мефурӯшад, аммо парвои халқи худашро надорад. Вазъияти на танҳо хонаводаҳо, вазъияти мактабу боғча, бемористону амбулатория, бонкҳо, автозаправкаҳо, хулоса ҳама ҷое, ки мардум ҳар рӯз сарукор доранд беҳад бад шудааст. Аз рӯи маълумотҳое, ки аз ватан мерасад дар баъзе ҷойҳо генератор мондаанд, ки албатта, аз ноилоҷӣ аст.
Вале манро навиштаҳои баъзе аз чоплусону хушомадгӯҳо, ки мехоҳанд айбро ба гардани табиат монанд, ҳукуматро бетақсир ҷилва диҳанд, мардумро ором карда гӯл зананд, дар ҳайрат овардааст.
Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо навиштаи яке аз чунин нафаронро аз сайти нашрияи СССР пешкаши шумо ва хонандаҳои муҳтарами «Ислоҳ» менамоям ва сипас дар бораи он фикру мулоҳизаҳои худамро баён мекунам. Ин навишта дар таърихи 11 декабр таҳти унвони «Андар боби норасоии барқ» чоп шудааст ва матни комили он чунин аст:
«Ин мавзӯъ хеле ҳассос аст. Ҳоло қаламҳоятонро тез карда, дашному ҳақорат бар сарамон нарезед. Бодиққат хонед ва бидуни эҳсос назарҳоятонро бикоред.
Мушкилоти барқ дар фасли зимистон танҳо дар Тоҷикистон нест. Дар аксари кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар давлатҳо низ ин мушкил буда, бо тағйирёбии иқлим эҳтимол аст дар зимистонҳои оянда вазъ бадтар шавад.
Аҳолии Тоҷикистон аз 5 миллиони соли 1990 имрӯз то ба марзи 11 миллион нафар мерасад. Ҳар сол 250 000 нафар аҳолӣ зиёд шуда истодааст.
Ҳоло барқе, ки 1 оила истифода мебарад, шояд 20 оила дар соли 1995 истифода мебурд. Дар ҳар як оила 3-4 адад кондинсионер, термекс ва даҳҳо дастгоҳҳои дигар бо барқ пайваст мешаванд. Ҳатто хонаи сеошёнаи заминиеро дидаам, ки 21 адад кондинсионер дар он насб шудааст.
Корхонаҳои саноатӣ, мактабу бемористонҳо ва садҳо иншооти дигар бо барқ кор мекунанд. Дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ кор карда истодааст.
Дар кишварҳое, ки асосан аз нерӯгоҳҳои обӣ истифода мебаранд, мисли Тоҷикистон паст шудани сатҳи об дар обанборҳо, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ба кам шудани истеҳсоли барқ сабаб мешавад. Бо табиат магар ҷанг карда мешавад?
Мушкили давлат мушкили мост. Дар пастию баландӣ бояд дар бари Ватан бошем. Ватандӯстӣ ҳамин аст. Гуфти устод Алимуҳаммад Муродӣ мисли хоинон аз дур вақ-вақ кардан дуруст нест:
КУҶО БУДӢ?
…Ҳоло зи дури дуриҳо фарёд мекунӣ,
Ҳоло канори гарми ватан ёд мекунӣ.
Рӯҳи малӯли худ
Бо хотироти гумшудаат шод мекунӣ,
Номи ватан гирифтанат ҷойи хиҷолат аст,
Андар шиносномаат мӯҳри хиёнат аст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд.
Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.
Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон гуфта буданд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолиро дар пай дорад.
«Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам.» – гуфтаанд Пешвои миллат».
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ
Муаллиф гуфтааст, ки бидуни дашном. Хуб, ба ин бародар тавсия доданиам, ки дар «Ислоҳ» мақолаи «Раҳмонов халқро хар карда зин задааст»-ро хонад ва бифаҳмад, ки қуваи барқи мо ба мардум мерасад ва зиёдатӣ ҳам мекунад. Аммо Раҳмонов онро фурӯхта истодааст.
Муаллиф навиштааст, ки аҳолӣ зиёд шуд, корхонаҳо зиёд шуд. Кадом корхона зиёд шуд? Аҳолӣ зиёд шуд, зиёд шуд, аммо светро аҳолӣ кам накардааст. Ба аҳолӣ свет намедиҳед, зиёдшавии аҳолӣ ба камшавии свет чи алоқа дорад. Светро ба Афғонистон, ба Қирғизистону Узбакистон нафурӯшед, ба мардум мерасад. Об кам шуд аммо чаро ҳаҷми фурӯши қувваи барқ ба хориҷаро кам намекунанд.Чаро?
Муаллиф аз қавли Раҳмонов насиҳат кардааст, ки сарҷамъ бошем, ватанмонро сидқан дӯст дорем…. Бале мо ватанамонро сидқан дӯст медорем, аммо ин дӯстдоштани ватан дӯст доштани Раҳмонову оилаи аз қавми яъҷуҷу ва маъҷуҷ ҳам калони вай нест.
Ман ҳам даъват мекунам, ки биёед муттаҳид ва сарҷамъ шавем ва бар зидди ин ҳукумати хонаводагии авлодӣ бархезем. Ин авлод ҳамааш свет дорад, корхонаҳояшон свет дорад, аспхонаҳояш свет дорад, фермаҳову фирмаҳошон свет дорад. Аммо пули светро намедиҳанд, ройгон истифода мекунанд. Вале ба халқ намедиҳанд. Чаро бояд мо тоқату таҳаммул кунем?
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Шумо дар бораи Нуробод номаи алоҳида чоп кардед. Ташаккур ба шумо. Ончи дар он барнома дар бораи Нуробод гуфта шуд, ҳамааш дуруст аст. Ман ҳам чанд чизро иловатан гуфтаниам. Аввл дар бораи Шӯҳрат Давлатов. Вақте мардум аз ҳаҷ меоянду ба Шуҳрат шикоят мекунанд, ки ту махсус аз мардуми Нуробод ё аз ҳамсояҳои мо Мучахарф пули бисёр мегирӣ Шуҳрат Давлатов онҳоро тарсонида мегӯяд: «лишни гап занед, ба амният мегуям, ки бо мухолифон ҳамкорӣ доред ва дар ҳақиқат рафта ҳамин гапро мегуяд. Аз пули ҳачи мардуми камбағал тағоияш-Аҳтами барсро ҳаҷ бурд.
Ҷалоли усто вақте банг мезанад, ҳамсинфаш Абубакр насиҳаташ мекунад, ки банг назан, ҳамаро ба Сиёвуши амният мефурушӣ. Ҷалол истеҳзо карда мегӯяд нав падарам аз дунё гузашт боз ту насиҳатам мекунӣ.
Абубакр як амак дорад дар Самара. Як вақтҳо посредник буд. Ҳозир ба савдои асал гузаштааст дар Самара. Амакаш ҳоҷӣ Садриддин мегуяндаш. Мо мардуми Мучахарф дар Самара ҳастем. Ҷалол ин амакашро ҳақорат мекунад, ки хонаашро ба мо қимати бад савдо мондааст. Як вақт барои амакаш 6 –ой отдел фарёдаш мекунанд. Мегуянд рақамҳои амакатро деҳ. Намедиҳад. Як шатааш мезаннад, зуд номерро медиҳад. Ҷалол бангро мезанаду бачаи амакиашро мазоҳ мекунад: «Фирдавсро биёрмт майдача, мезанӣ» мегуядаш. Фирдавсро мегӯяд натарс, амният одами худамон аст. Сиёвуши амният ҳеҷ чизат намегуяд. Дар ҳамин Самара як ҷурааш ҳамроҳамон кор мекунад. Вай Ҷалол, Раҷабалӣ, Каримҷонро мешиносад ва дар бораи корҳои онҳо нақл мекунад.
Дар бораи Шафоатова Зарина врачи роддоми Нуробод. Дар ҳоли ҳозир гирифтани пораро бисёртар кардааст. Мегуяд ягон кас маро проверка намекунад, чунки тағоям амният аст. Аввал барои справка барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд150 мегирифт, ҳозир 250 сомонӣ кардаст. Барои таваллуди занҳо пештар 500 сомонӣ буд, ҳозир ҷои хобро якҷоя карда 900-1000 сомонӣ мегирад. Бераҳми бад шудаст. 25 сол шуд дар Нуробод кор мекунад.
Муҳтарам Солеҳзода, раиси ноҳия, пеши роҳи порахурҳоро бигир, намегирӣ вазифаеро, ки подаркаат карданд, холиаш кун. Медонам, ки гапат намегузарад вале аз мо гуфтан. Амнияти Нуробод аз қафоят кор карда истодааст. Медонем хусур бачаатро барои нарафтан ба хизмат амният қапид. Хусурат пешат омад. Шумо гуфтед, ки «ма ба духтаратон кор дорам на ба бачатон». Дуруст кардед, аммо хоҳиш камтар роҳи порагириро гиред.
Охир балнитса меравӣ духтури гӯш отделно бист сомонӣ мегирад, духтури дандон меравӣ ҷудо мегирад, пеши врач медарои отделно мегирад. Ҳозир даҳ сомонӣ аз байн рафт. Ҳамин бист сомониро ҳам бо дили нохоҳам мегиранд. Бояд аз бист сомонӣ ҳам зиёд диҳӣ.
ГАИҳои сари ҷарии даромадани дарвозаи Дарбанд аз таксиҳо барои як рӯз 40 сомонӣ. Аз ронандаҳои самти Ғарму Тавилдара ва дигар шофёрҳои роҳгузар то 20 сомонӣ нагиранд, ҷавоб намедиҳад. Солеҳзода ин масъаларо бубин.
Барои ҳуҷҷати заминат меравӣ ҷамоат пул мегирад. Раиси ҷамоат аз Тегирмӣ, ҳамқишлоқиат аст. Меравӣ дар ҷои кораш дар ҷамоат нест. Рақамҳои ватсапат дар симкартаи Вавилонат буд удалит кардааст, ватсапи нав кушодааст. Акнун мо ҳамачиро гуфта шинем?
Маҷбурем, ба Ислоҳ нависем. Раиси ноҳия Солеҳзода.Ф ба ғоратгаронаш мегуфтааст, ки «ма вазифагирӣ наомадам, ободкунӣ омадам». Аммо ҷаноби Солеҳзода бояд бидонӣ, ки ободӣ аз тоза кардани ҳукумати ноҳия аз порахӯрҳо оғоз мешавад. Порагириву порахурии бемористонро бубин. Вагарна дар номаи дигар дар бораи худат, зани душанбегиат сар мекунем.
Тамоми раисҳои сохторҳоят, аз раисони ҷамоатҳо гирифта то облавшикҳову то раиси шуғли аҳолӣ Эшонов.З ҳамаш пора мегиранд ва боз оҳиста карда мегӯянд, ки амният нафаҳмад. Мо кори туро буд мекунем, лекин амният хабар набарад. Гапашон фақат ҳамин.
Бародар Муҳаммадиқбол! Як бор шумо Эмомалиро аз минбари Ислоҳ гуед, ки ба ин Солеҳзода бифаҳмонад, ки вазифаат муваққатӣ аст. Ба умеди Рустам нашавад.
Бо мототсиклат нагарду масъалаи фасоду порагириву порахӯрон сахт бубин: «Заминҳо набояд холӣ бимонад, картошкаву сабзӣ кишт кунед»,гуфта гаштааст Солеҳзода.
Эй, раиси Солеҳзода! Ту гӯӣ нагӯӣ, ки мардум медонад, ки бо заминаш чи кор кунад. Ҳозир як ваҷаб замини холиро намеёбӣ, намебинӣ, ту чи мардумро насиҳати ноҷо мекунӣ, маслиҳат бемаънӣ медиҳӣ. Ту кори худатро бин!
Бародар дар охир гуфтаниам, ки мо мардуми Нуробод дар Самара бисёрием ва қариб ҳамаамон шуморо тамошо мекунем ва тарафдоратон ҳастем. Албатта, бузу бузғола ҳам дорем. Вале бисёриҳо шуморо тарафдоранд.
Саломат бошед.