Хавфи фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ боқӣ мемонад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба навиштаи манбаъ,” рӯзи 26-уми декабри соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ва мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб бо сабаби нурпошии офтоб хавфи сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад”.
Ширкати “IRS”, ки нигоҳдории роҳро дар ин шоҳроҳ бар ӯҳда дорад гуфтааст, ки ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар роҳи мазкур таъмин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube