Рубрики Pressa

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Тоҷикистон ба ду ислоҳоти ҷиддӣ дар бахши иқтисод ниёз дорад


Ҳоҷимуҳаммад Умаров яке аз шинохтатарин иқтисоддонҳои Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ солҳои тӯлонист, ки масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро таҳлил менамояд. Ҳоло низ фаъолияти илмӣ ва таълимии худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома медиҳад. Профессор Умаров муаллифи беш аз 640 асари илмӣ буда, таҳлилҳояш ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи доираҳои илмӣ ва сиёсӣ қарор мегиранд. Дар арафаи Соли нав бо устод Ҳоҷимуҳаммад Умаров суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ ИҚТИСОД

– Шумо солҳои зиёд аст, ки масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро таҳлил мекунед. Вазъи кунунии иқтисоди Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ менамоед? Қаноатмандед?

– Агар аз нигоҳи як иқтисоддон гӯем, қаноатмандӣ мафҳуми нисбӣ аст. Олим ҳамеша аз имкониятҳои истифоданашуда ва захираҳои мавҷуда суҳбат мекунад. Бо вуҷуди ин, бояд эътироф кард, ки Тоҷикистон аз лиҳози амният ва субот дар минтақа дар ҷойгоҳи хуб қарор дорад. Амният яке аз омилҳои асосии рушди иқтисод ва некӯаҳволии мардум аст. Вақте ҷомеа ором аст, одамон ба кору зиндагӣ дилпур мешаванд. Фаъолият низ назаррас мешавад ва ин ба иқтисод таъсири мусбат мерасонад. Дар баробари ин, албатта, музди кор, ҷойи истиқомат, муносибати хуб дар муҳити корӣ аҳамияти калон дорад.

– Кадом ислоҳот барои иқтисоди Тоҷикистон муҳимтар аст?

– Тоҷикистон ба ду ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Якум, аз байн бурдани иқтисоди пинҳонӣ. Тасаввур кардан нодуруст аст, ки иқтисоди пинҳонӣ танҳо фаъолияти ҷиноӣ мебошад. Бисёре аз соҳибкорон маҷбур шудаанд корхонаҳои худро ғайрирасмӣ идора кунанд. Масалан, истеҳсоли ҳунармандӣ ё хизматрасониҳои хусусӣ, ки аксар берун аз ҳисоботи расмӣ мемонанд.

Дуюм, фаъолият бояд ошкор бошад. Вақте ки чунин аст, давлат метавонад онҳоро боз бештар дастгирӣ намояд. Аз ҷумла, бо имтиёзҳо ва кумакҳои техникӣ.

Ба бозорҳо дароед, мебинед, маҳсулоте, ки ҳунармандон истеҳсол мекунанд, қариб дар қайди ниҳодҳои масъул ва истеҳсолӣ нестанд. Масалан, истеҳсоли корд ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ, ки бештар андоз намесупоранд.

– Оё иқтисоди пинҳонӣ ё ба ибораи дигар “паси парда” меъёри қабул дорад?

– Меъёри асосӣ андоз аст. Вақте давлат имтиёз медиҳад, дигар сабаби пинҳонкорӣ намемонад. Иқтисоди ошкор ҳам барои давлат ва ҳам барои соҳибкор фоидаовар аст.

– Соли 2025 ММД ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушд 8,4 фоизро ташкил дод. Ин нишондиҳанда то чӣ андоза устувор аст?

– Суръати баланд хуб аст. Аммо сифати рушд муҳимтар мебошад. Агар рушд асосан ба муҳоҷират, истихроҷи ашёи хом ё воридот такя кунад, он дарозмуддат устувор намемонад. Мо бояд ба тағйироти сохторӣ гузарем.

САНОАТ ҲАМЧУН МУҲАРРИКИ РУШД

– Кадом бахш метавонад муҳаррики рушди кишвар гардад?

– Ба назари ман, саноат. Махсусан саноати вазнин ва коркарди маъданҳо. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи металлҳои ранга ва нодир аст. Аз забони вазири саноат Шералӣ Кабир дарёфтам, ки дар Тоҷикистон 11 намуд металлҳои ранга вуҷуд доранд. Аммо геологҳои тоҷик мегӯянд, ки 17 намуд аст. Эҳтимол 11 намуде, ки вазири саноат гуфт, дурусттар аст. Зеро онҳо конҳое ҳастанд, ки аз тарафи мутахассисон таҳқиқ шудаанд. Аммо рушди саноат бояд мутавозин бошад: саноати капиталғунҷоиш, яъне истихроҷ, саноати меҳнатғунҷоиш барои таъсиси ҷойҳои корӣ, саноати илмғунҷоиш ва технологияҳои баланд.

Агар мо танҳо такя ба истихроҷи ашёи хом кунем, ҳамеша ба сармояи хориҷӣ муҳтоҷ мемонем.

– Сармоягузории хориҷӣ чӣ гуна бояд ҷалб шавад?

– Ҳиссаи Тоҷикистон набояд аз 51 фоиз кам бошад. Мо дар гузашта хатоҳо кардем, зеро таҷриба надоштем. Кони тилои муштараки “Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент мисоли ин гуфтаҳо аст. Англисҳо моро фиреб карданд. Баъд фаҳмидем, ки ҳамон ширкати англисҳо хусусияти машваратӣ доштааст. Ширкате, ки дар таърихи фаъолият тило коркард накардааст, аммо дар Тоҷикистон ҳиссаи бештари даромад аз он буд. Азбаски таҷриба надоштем, бовар кардем. Маълумот нагирифтем, ки кай ташкил шуда, дар куҷо кор кардааст. Чӣ қадар таҷриба дораду чанд кас кор мекунанд ва чанд нафар муҳандисони маъруф дорад. Ҳоло таҷриба пайдо кардем, ки кадом ширкат чӣ мавқеъ ва нуфуз дорад. Ҳамчунин, мо ҳоло ба масъалаи инноватсия бештар эътибор дода истодаем.

Дар ин самт вазири саноат Шералӣ Кабир корҳои зиёде анҷом дода истодааст. Ӯ олим аст ва сатҳи худомӯзии баланд дорад. Ҳозир мо бояд кӯшиш кунем, ки муҳаррикҳои нав пайдо намоем. Гурӯҳи корхонаҳое ҳастанд, ки сармояғунҷоиши баланд доранд. Масалан, корхонаҳое, ки ба коркарди боигариҳои зеризаминӣ машғуланд. Инҳо капиталғунҷоиши баланд доранд. Боз гурӯҳи корхонаҳое ҳастанд, ки дар онҳо хусусияти меҳнатғунҷоишӣ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, корхонаҳое дорем, ки сатҳи баланди илмғунҷоишӣ доранд. Яъне, бо технологияи баланд фаъолият мекунанд. Бояд Вазорати рушди иқтисод ва савдо як таносуби хеле оқилона байни ҳамин соҳаҳоро муайян кардаву нигоҳ дошта тавонад.

– Фаъолияти ниҳодҳои блоки иқтисодиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Муҳимтарин масъала набудани сиёсати ягонаи иқтисодӣ аст. Вазорати рушди иқтисод ва савдо бояд нақши танзимкунанда дошта бошад ва консепсияи ягонаи рушди иқтисодиву иҷтимоиро пешниҳод намояд. Ҳамаи ниҳодҳои дигар бояд мувофиқи ҳамин консепсия амал кунанд.

Дар замони вазири иқтисод будани Ҳаким Солиев кӯшишҳо буданд, то сиёсати ягонаи иқтисодӣ танзим шавад.

Ман гумон мекунам, ки дар байни вазоратҳо доир ба талаботи истеҳсолӣ, истеъмолӣ, баланд бардоштани рушди иқтисод, барои таъмини бехатарии иқтисодӣ, барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ, ки аз рушди иқтисод вобастагӣ доранд, фақат ин корро Вазорати рушди иқтисод ва савдо карда метавонад. Яъне, ин вазорат метавонад консепсияи рушди иқтқисодиву иҷтимоии давлатро пешниҳод кунад ва ҳамаи дигар вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ қабул ва мувофиқи он амал кунанд.

– Ба андешаи шумо, даромади муҳоҷирон то кай метавонад пояи иқтисод бошад?

– Муҳоҷират натиҷаи норасоии ҷойҳои кори муносиб аст. Агар мо саноати меҳнатғунҷоиш ва истеҳсоли рақобатпазирро рушд диҳем, метавонем муҳоҷиратро коҳиш диҳем. Мо ҳатто имкон дорем, ки аксари либосро дар дохили кишвар истеҳсол кунем. Таҷрибаи Қирғизистон далели равшан аст.

– Пас, барои иваз кардани воридот чӣ бояд кард?

– Тибқи маълумоти оморӣ, то 70 фоизи воридоти мо аз Чин молҳое мебошанд, ки метавон дар Тоҷикистон истеҳсол кард. Масалан, маҳсулоти нассоҷӣ, қисмҳои алюминий, семент, санги мармар. Пахтаи мо сифатан аз пахтаи Чин беҳтар аст, аммо коркарди пурра надорад. Бояд низоми кластерӣ ҷорӣ карда шавад, мисли Ӯзбекистон.

Ёд оред комбинати абрешими шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро, ки маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол мекарданд. Ё корхонаҳои дӯзандагӣ, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо вуҷуд доштанд. Албатта, ҳоло эҳё шуда истодаанд, аммо дар сатҳи пештара не. Мо имкон дорем, ки умуман аз хориҷи кишвар либос наорем. Дар шаҳри Хуҷанд як мағозаи либос бо номи “Зайб” аст. Дар ин мағоза либосҳои занона мефурӯшанд. Аз Душанбе ва дигар ҷойҳо фармоиш медиҳанд ва тариқи почта дастрас мекунанд. Аммо ҳамааш истеҳсоли Қирғизистон аст. Ду сол пеш дар шаҳри Маскав будам. Вориди мағоза шудам. Ба таври озод либос бо тамғаи Қирғизистон фурӯхта мешавад. Мардум бо майли тамом харида истодаанд. Нигоҳ кунед, гумон доред, ки дар Аврупо истеҳсол шуда бошад. Тоҷикҳои шаҳрнишин аз қирғизҳо мехаранд. Чаро мо чунин корро ташкил накунем, то аз воридот вобаста набошем?

– Дар муқоиса гирем, оё корхонаҳои рақобатпазир дорем?

– Не, аммо имкон дорем. Пеш аз ҳама бояд кадрҳои муҳандисӣ омода созем. Пеш хатмкунандаҳои Донишгоҳи саноати сабуки Маскав дар Тоҷикистон кор мекарданд. Ҳар сол 20-30 нафар рафта, хонда меомаданд ва дар корхонаҳои саноати нассоҷӣ кор мекарданд. Тамоми либосҳои комбинати шаҳри Хуҷанд ба кишварҳои фазои шуравӣ содирот мешуданд.

– Барои иваз кардани воридот ва рушди истеҳсоли дохилӣ кадом сиёсати муассир зарур аст?

– Мо ду стратегияи хуб дорем, аммо онҳо ба таври бояду шояд амалӣ намешаванд. Яке аз онҳо стратегияи ивазкунии воридот аст. Яъне, мо бояд кӯшиш кунем истеҳсоли он молҳоеро ба роҳ монем, ки дар Тоҷикистон барои онҳо базаи хуби ашёи хом ва қувваи корӣ мавҷуд аст. Агар ашёи хом бошаду мутахассисон намерасанд, метавон онҳоро аз хориҷ ҷалб кард. Қирғизҳо тавонистанд ҳамин таҷрибаро амалӣ намоянд. Ба гумони ман, имрӯз тақрибан 25-30 фоизи либосҳои кӯдакона, мардона ва занона дар бозори Осиёи Марказӣ ба истеҳсолоти Қирғизистон тааллуқ дорад. Азбаски технологияҳои дӯхт ва омода кардани либос нозукиҳои худро доранд, музди меҳнат низ дар чунин корхонаҳо баланд аст.

МАОРИФ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

– Нақши маориф дар рушди иқтисод чӣ гуна аст?

– Маориф дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад. Бо вуҷуди ин, ин соҳа имрӯз ба дастгирии ҷиддӣ ниёзманд аст. Пеш аз ҳама, бояд талаботи воқеӣ ва потенсиали бозори меҳнат бо назардошти пешгӯӣ ва дурнамои 5-10 соли оянда таҳлил карда шавад. Ин соҳа тадриҷан ба он мутобиқ гардонида шавад, то байни сохтори талабот ба кадрҳо ва самтҳои омодасозии мутахассисон ҳамоҳангӣ ба вуҷуд ояд. Мутаассифона, айни ҳол чунин мувофиқат вуҷуд надорад.

Дар ин самт мушкили асосӣ мушоҳида мешавад. Аз як тараф, ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм мекунанд, аммо ҷойи кор пайдо карда наметавонанд. Агар аз ҳар ронандаи таксӣ пурсед, ки кадом ихтисосро хатм кардааст, аксаран мегӯянд иқтисод, молия ё ҳатто ҳуқуқшиносӣ. Вақте сабаби бекорӣ пурсида мешавад, мегӯянд, ки ё кор нест, ё музди меҳнат хеле кам аст. Ҳатто ҳолатҳое зиёданд, ки хатмкардагони донишгоҳҳо ба корҳои сохтмонӣ ё таъмири манзилҳо машғул мешаванд.

– Шумо насли замони шуравӣ ҳастед. Он замон чӣ гуна буд?

– Дар давраи шуравӣ ҳамаи идораҳо ва корхонаҳо талаботи худро ба таври хаттӣ пешниҳод мекарданд. Дар асоси ин дархостҳо, Вазорати маориф ва муассисаҳои таълимӣ мувофиқи эҳтиёҷи воқеии иқтисод кадрҳо омода менамуданд. Имрӯз бошад, ду манбаи асосии маблағгузорӣ вуҷуд дорад.

Якум, буҷети давлатӣ ва маблағҳои хоҷагидорӣ.

Дуюм, маблағҳои шахсии аҳолӣ, ки волидайн барои таҳсили фарзандони худ пардохт мекунанд.

Манбаи дуюм бештар маъмул аст, аммо он на ҳамеша ба талаботи воқеии иқтисод мутобиқат мекунад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ ва Вазорати маориф ва илм дақиқ донанд, ки иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоии кишвар ба кадом мутахассисон эҳтиёҷ доранд ва барои таъмини ин талабот кадом механизмҳо бояд истифода шаванд.

– Оё ҷонибдори истифодаи зеҳни сунъӣ ҳастед?

– Бале, аммо бо меъёр. Агар зеҳни сунъӣ ҷойи фикрронии хонанда ва донишҷӯро гирад, мо насли беандеша ба воя мерасонем. Бояд «хати сурх»-и истифода муайян шавад.

– Ҳоло дар кадом соҳаҳои Тоҷикистон эҳтиёҷ ба мутахассисон ҷой дорад?

– Қариб ҳамаи соҳаҳо ба мутахассисони баландихтисос ниёз доранд. Аз ҳуқуқшиносӣ оғоз карда, то геология, кишоварзӣ, саноат ва дигар бахшҳо. Мутахассисони касбӣ музди меҳнати баланд низ мегиранд.

Зарур аст як омӯзишгоҳ ё маркази илмӣ-тадқиқотӣ таъсис дода шавад, ки фаъолияти он ба навоварӣ ва технологияҳои муосир равона гардад. Мо бояд пайи амалӣ кардани чунин иқдом шавем.

Масалан, дар ҷойи имрӯзаи корхонаи «Корвон» пештар корхонаи ҳавопаймоҳои хурд фаъолият мекард. Чаро имрӯз мо дубора дар ин самт андеша накунем?

Агар истеҳсолоте ба роҳ монем, ки кишварҳои фазои пасошуравӣ аз Тоҷикистон маҳсулот харидорӣ кунанд, ин на танҳо ба рушди иқтисод мусоидат мекунад, балки обрӯи давлатро дар минтақа боло мебардорад ва ҳаҷми андозҳо низ зиёд мегардад.

– Имрӯз таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бештар шуда истодааст. Пешравиро мебинед?

– Президенти кишвар дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд, ки сайёҳӣ бояд ба як соҳаи муҳим табдил ёбад ва дар ҳамгироӣ бо дигар соҳаҳо ҷойгоҳи намоёнро ишғол намояд. Пас аз чунин изҳорот мебоист тамоми ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳӣ камари ҳиммат баста, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо чораҳои мушаххас меандешиданд. Имрӯз зарур аст, ки хаймаҳои сайёҳӣ бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз бошанд. Шабона худравшанӣ дошта бошанд, аз ҷонварон муҳофизат кунанд ва дар дохилашон шароити ором, амн ва бароҳат барои истироҳати сайёҳон фароҳам оварда шавад.

Дараҳо ва минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон бояд аз лиҳози сайёҳӣ ҳамаҷониба тадқиқ карда шаванд, пайроҳаҳои сайёҳӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ ва шаҳракҳои сайёҳӣ муайян ва тарҳрезӣ гарданд. Мутаассифона, мо ҳатто имкони истеҳсоли арғамчини одии сайёҳиро надорем. Ин дар ҳолест, ки аксари лавозимот ва таҷҳизоти барои сайёҳон зарурро метавон дар дохили кишвар истеҳсол кард.

Зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута масъалаҳоро ҳамаҷониба баррасӣ ва барои рушди воқеии соҳаи сайёҳӣ қарорҳои амалӣ қабул намояд.

АНҶОМ

– Устод, шумо ба наздикӣ 80-сола шудед ва ҳанӯз ҳам ба таълим машғул ҳастед. Ҳол он ки, дар ин синну сол аксар одамон ба нафақа мебароянд.

– Ман ҳатто нафақа намегирам ва усулан онро фаромӯш кардаам. Барои рафтан ба муассисаҳо ва ҷамъ кардани ҳуҷҷатҳо барои гирифтани нафақа вақт ҳам надорам.

– Чӣ чиз шуморо дар ин синну сол фаъол нигоҳ медорад?

– Ман худро дар кор мебинам. То вақте ки нерӯ дорам, фаъолият мекунам. Имсол ду китоби ман нашр шуд. Барои олим беҳтарин истироҳат эҷод аст.

– Кадом китоб ё муаллиф бештар ба тафаккур ва ҷаҳонбинии шумо таъсир гузоштааст?

– Ман ба Теодор Драйзер, нависандаи машҳури амрикоӣ таваҷҷуҳ дорам. Ӯ се китоби пайдарпай дорад, ки якдигарро такмил медиҳанд: «Финансист», «Титан» ва «Гений». Ҳангоми хондан, на танҳо ҳаёти қаҳрамонро мебинед, балки мефаҳмед, ки менеҷмент чӣ гуна кор мекунад, рақобати монополӣ чӣ маънӣ дорад ва чӣ гуна қудрат ва дороӣ ба ҷомеа таъсир мерасонанд. Ин асарҳо имконият медиҳанд, ки ҳангоми тафаккури иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шахсияти инсонро ҳам дар назар гиред.

– Тоҷикистонро пас аз 20 сол чӣ гуна мебинед?

– Орзу дорам Тоҷикистон аз рӯи сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон гардад.

Мусоҳиб:

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *