«Раҳмонов аз хезиши мардум сахт метарсад, навиштааст муаллифи нома аз Душанбе, ки мегӯяд дар як ҷаласа Раҳмонов ба мақомот сахт дастур додааст, ки аз таъсири светкушӣ барои мардум сахт пайгирӣ кунанд:- «агентотона партоен да ҳама ҷо, гушбақимор ҳамин, ки ягон кас овоз баланд кард, дарав вардорен»…
Ин бор масъалаи асосии ин нашри номаҳо ба ҳамин мушкилоти бебарқии шадид дар саросари кишвар ихтисос дода шудааст. Албатта, ин номаҳои пур аз изтиробу шикояти шумо, сокинони кишвар аст ки дар онҳо бештар аз лимити шадид ва бесобиқаи қувваи барқ гуфта шудааст ва бад-ин ҷиҳат аст ки бештари номаҳо ба ин мавзӯъ рабт гирифтааст
Нома аз Рашт, аз Ҷаббор Расулов аз Деваштич ва Рудакӣ омадаанд, хулос аз чҳор гӯшаи Тоҷикистони азизамон, ки дар зери юғи як қавми нокора, аммо носерам банд мондааст.
Аз Ҷаббор Расулов ҳам дар бораи набуди қуваи барқ навишта гуфтаст, ки наход дар асри 21 мардумро то ин ҳад дар шароити бебарқии шадид ин ҳукумат нигоҳ дорад? Аммо, гуфтааст муаллиф, агар пули изофӣ барои кормандони Идораи барқ диҳӣ соати интиқоли барқро дароз мекунанд.
Нависандаи нома аз Рашт корманди милисаи ин ноҳия аст, ки дар бораи ҷинояти раиси пешини идораи ҷамоат мегӯяд.
Аз Рӯдакӣ муаллиф нома қиссаи бисёр ҳам пурмоҷарои зиндагии худро ҳикоят кардааст, ки барои гирифтани порчаи замин чи қадар мушкилиҳоро дар сараш гардон кардаанд. Ва, то милисаву прокурор арзу дод карда бошад ҳам дар ниҳояти кор пул дода сипас соҳиби се сотих замин мешавад
Муаллифи номаи омада аз Деваштич (Ғончии собиқ) ҳам аз заминфурӯшии мақомоти ин ноҳия шадидан изҳори нигаронӣ кардааст.
Душанбе
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Чанд рӯз пеш Раҳмонов бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ҷаласа доир кард. Дарон ҷаласа, ки баъди ду ҳодисаи куштор хитоиҳо дар марз доир шуд, СС.Ятимов ҳузур надошт. Ятимовро Афғонистон назди Толибон фиристода будааст. Масъалаи ҷаласа вазъи ноороми сарҳад буд.
Аммо дар ин ҷаласа масъалаи барои Раҳмонов муҳим қатъи қувваи барқ ва таъсири он ба мардум буд. Вай аз мақомот пурсидааст, ки мардум дар робита ба ин вазъ чи гуфта истодаанд? Чунки агар ин навбат ҳам ин «ход» аш гузарад, мардум оромона қабул кунанд, тамом. Мардумро маҷбур мекунад, ки дар хонаҳо батареяи офтобӣ насб кунанду худашон чораашро ёбанд ва баъд вай светро ҳарчи қадр бихоҳад ба хориҷа фурӯшад. Вай то ҳозрам бюҷетро пурра барои худаш ва авлодаш харҷ карда истодаасту идора ва вазоратҳо ба самообслуживания гузаштаанд. Таъмир, ободӣ, сохтумонхо, роҳу пулҳо ва дигар корҳое, ки бояд аз бюҷет ва дигар фондҳои дохилию беруна мешуд, сумҳои онҳоро мегирад бо авлоадш ва мардумро мегӯянд, ки ҳиси ватансозиву ободкориро бедор кунеду созед. Ҳамин тавр дар дигар самтҳо ҳам ҳама хароҷти давлатро бори дӯши мардум карда истодааст. Акнун навбати барқ омад, аммо ин навбат дар тарс аст, ки яке мардум нахезад ва ҳамин светкушӣ баҳона барои хезиши мардум нашавад.
Барои ҳамин мақомотро сахт таъкид кард, ки боз ягон ҷунбиш нашавад, дарон ҳолат ҳар кадомеат аз худат гила кун: «агентотона партоен да ҳама ҷо, гушбақимор ҳамин, ки ягон кас овоз баланд кард, дарав вардорен»…
Раҳмонов сахт аз хестани мардум метарсад.
Ҷаббор Расулов
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам тинҷу сиҳат ва саломат ҳастед. Мо, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ин амали хоинонаи як тудаи авбош бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонови ватанфурӯш, ки қисми ноҳияи моро ба қирғизо фурӯхт, сахт дар хашму ғазаб ҳастем.
Мардуми ин ноҳия дилашон аз зиндагӣ дар ин сарзамин хунук шудааст. Мардум барқ надоранд. Дар як шабонарӯз 2 соат барқ доранду халос. Магар ин шармандагӣ нест? Ҳатто кормандони идораи барқ мегуянд, ки изофапулӣ диҳед 1 ё 2 соати дигар изофа мекунем. Ин як намуд пулкоркунӣ (коррупсия) аст. Мардумро фиреб карда об нест боришот кам шудааст гуфта, афсонаи бузаки ҷингалапоро нақл мекунанд, аммо мардум ба ин бовар надорад. Барқро фурӯхта истодаанд, парвои мардум надоранд, ин дар ҳақиқат шармандагист.
Асри 21 ним шуд. Дар Ватан то ҳол барқ нест. Дар ягон давлати ҷаҳон мисли Тоҷикистон бебарқӣ нест. Ин ҳукумати хоини ватанфурӯш мардумро фиреб карда истодааст. Ин ҳукумат ҳеҷ вақт ғамхори миллат нест ва нахоҳад шуд. Ин ҳукумат мардумро фақат ғорат карду дуздиду фиреб кард.
Ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки номаи моро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» пахш намоед. Сарбаланду саломат бошед.
Рашт
Ассалому алайкум бародар Муҳаммудаиқболи Садриддин! Шумо дар риштабарномаи Леди-3 дар мавриди Мансур ҳам навишта будед ва гуфта будем, ки ӯ чанд духтарро таҷовуз кардааст. Бархе аз наздикони Мансур шикоят кардаанд, ки ин иттиҳом дар нисбати Мансур Беков туҳмат аст. Ман худам корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили умури дохилӣ дар минтақаи Рашт ҳастам. Метавонед ин навиштаи маро посхи ин Раёсат ҳисоб намоед ва ин посух чунин аст:
Беков Мансур Муқимҷонович соли тавалуддаш 1977, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт аст. Чанд сол раиси ҷамоати деҳоти Қалъанак буд. Дар вақти кориаш бо суистифода аз мансаб котибаи ҷавони худро, ки шавҳар нокарда буд бо ваъдаи замину чизу чора духтариашро гирифт. Вақте духтар дар кучаи Сомониёни шаҳраки Ғарм шавҳар мекунад, нодухтар мебарояд. Маҷҷбураш мекунанд ва ҳамаро қоил мешавад ва эътироф мекунад ва ҳолати шудаи корро мефаҳмонад. Ин духтарро як рӯз оварда дар ҷамоат мемонд.
Мансур бошад бачаро ба воситаи мақомотҳо ва Обид тарс медиҳад. Аммо бача дигар ба гардан намегирад. Аз рӯи шунидаҳоямон Мансур он духтарро никоҳ карда мегирад. Аммо маълум мешавад, гуё талоқаш додааст. Ин духтар Алиева Ҳалима Умарҷоновна ному насаб дорад
Ин гуна амалҳои ноҷавонмардонаи Мансурро чанд маротиба ба пуштибониҳои ҳоҷӣ Обид расонидан, аммо Обид, ки худ папароза аст аслан аҳамият надод.
Рӯдакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Саломатӣ ва сиҳатии шуморо аз даргоҳи Аллоҳтаъоло дар талаб ҳастам.
Ман аз ноҳияи Рӯдакӣ бароятон менависам. Дар бораи вазъу ҳоли худам менависам.
Ман соли2006 зан гирифтам. Дар чор дар хона 5 оила зиндагӣ мекардем, нашуд. Падар оилаам пешниҳод кард,ки то сол биёеду дар хонаи мо зиндагиро идома диҳед, то кор кардан ва замин хариданатон. Фарзандони ӯ ҳам калон ва зан гирифтанд. Онҷо якҷо бо пайҷои хона 4уним сотих замин дораду халос. Онҷо ҳам 5 оила шуд ва ба худам гуфтам, ки то ба кай дар хонаи хусур меистам ва муроҷиат ба ҷамоат, ба Эшони тоқӣ, раиси ҷамоат кардем. Ба вай вазъияти зиндагиамро фаҳмонидам, аммо мижааш хам нахӯрд, раҳмаш наомад, гуфт замин нест. Гуфтам ё Аллоҳи меҳрубон, чора чист, чи кор кунам?
Пулро ҷамъ кардем- 6000 доллар ва рафтем пеши раис. Ин вақт як шахси мисли ман корафтода даромаду гуфт 30 000 доллар овардам. Ин пулро вай барои замин дод. Аммо ин пули дасти мо кам. Он қадар даводав кардем надод. Дар ҷамоат ба ҳолу рӯзамон аз қафоямон масхара карда механдиданд, бовар кунед.
Фикр кардам, ки ман аз дастаи ҷангу ҷангҷоли хонаводаи бегона бояд замин гирам. Аз тарс ҳама кудаконамро аллергия зад. Номус ба ман рӯз надод. Ба дилам гуфтам серавно инҳо бузанд. Дар ҷамоат аввал таклифи ба онҳо ва бо милисаҳои онҳо ҳамкорӣ кардан гуфтанд, ма розӣ намешудам
Худат мардӣ, мефаҳмӣ, ки милисае, ки пул гирад вай худатро ба бандитҳо мефрушад ё не. Хуллас, рафтем пеши раиси нохия Рудакӣ ва ариза навиштем. Як моҳ гузашт дарак нест. Боз рафтем, гуфт фаромуш кардааст. Мо барои буз буданашон махсус нақша кашидем, ки онҳо ба қонун гунаҳгор бошанд. Гуфтем биистед, ки инҳо моро ин хел подставит мекунанд. Ба прокуратураи ноҳия рафтем ва ариза навистем, ки замин гирем. Аризаро прокурор ба муфаттиш бо номи Қутбиддин дод. Як моҳ гузашт, хап. Рафтем Қутбиддин мегӯяд, ки «ҳози даста мегирм пеши Эшони тоқӣ, раиси ҷамоат мебарам. Ҳоло намедонад, ки мо кием. Боз вақт гиритфем. Хеле гузашт. Гуфт зурам намерасад. Фақат аз дур раиси ҷамоатро нишон медиҳам, дигар худат медонӣ. Рафтем рост ба онҷо. Мегӯяд нест замин. Пеши прокурор рафтем, чанд моҳ шуд, ҳиҷ гап нест, ба буқагӣ гап зад. Берун рафтем асабонӣ шудем. Гуфтам мезанемаш, чунки тибқи қонун неправ аст. Баъд разбират мекунанд. Гаштем ҳамин тавр. Дар гирдаш милисаи бисёр. Нашуд, омадем пеши Эшони Тоқӣ. Зангаш задаанд, ана коррупсия. Ман, ки ҳамаҷоро огоҳ кардам, натарсидам, агар чизе шавад ба прокурор мегӯям,ба ту гуфтам, ту аҳамият надодӣ, балки мисли бандитҳо рафтор кардӣ.
Тоқӣ масхаракунон дар кабинеташ хандид. Гуфтам киро масхара дорӣ, ки хест аз стул. Якто дар сараш задам, шишт. Чанд вақт пас рафтам. Муовинҳояш гуфтанд, ки худат биёву ков, мо аз куҷо дар ин коробка меёбем. Кофтан гирифтам. Аризаи як генерал-лейтенантро дидам, ки муовинаш ҳам дид. Ба тарафи дигариаш гуфт зани генералро кардем бо ту чийӣ? Хестам гуфта ту киро зан ҳақорат дорӣ, ки давид, се, чор мушт зад, нарасид. Ба кафи даст оҳиста задамаш, ки ғалтид айнакаш шикаст. Милисаҳо омаданд хона ва гуфтанд, ки чаро задӣ? Гуфтам брои онки суд шавад то ҳолу аҳволи моро фаҳманд. Милиса гуфт «ина бин чхел гап мезана? Мебаран ҳамуқа мезанант, ки худт худта фромуш мекун».
Як рӯз ба телевизион рафтам ариза навистам, ки биёянду ҳоло аҳволи моро ба халқ нишон диҳанд, то халқ гуяд, ки ба мо замин дода шавад ё не?
Мо замин барои хариду фуруш нагуфтем! Ин бесавод сардори телевизион ба ман навиштааст, ки мо «замин намедиҳем». Ана ақлу ана савод. Фаҳмидам,ки ин ҳама такудавҳои ман бефоида. Ба як ҳоли зор 3 сотих замин харидем ва 2 времянка сохтем.
Ана акнун ҳар рӯз милиса бо ҷамоат меояд: «хунаҳой ҳаматуна, ҳамсояҳора чапа мекнем».
Дар ҷойи мо ҳама 3 сотихӣ доранд. Бечораи заминфурушро фурӯхтанду моро прокуратура бурданд, ки заминро аз кӣ харидӣ? Гуфтам, ки раҳматии хусурам ба духтараш додааст. Афсус дар ватан дар чунин вазъу ҳол гирифтор шудам. Гуфт, ки мурдаҳоро накаш, набиёр. Гуфтам, хуб хусурам дод. Гуфт ту моро аҳмақ хаёл накун. Нигоҳ кун деворҳоро ва аз таги столаш баровард. Вай 30, вай 40 то харидам гуфт. Гуфт, гап зан заминфурӯшро вагарна пулат месузад. Гуфтам сузам ҳам ман буз нестам, вай сари ману туро мехурад. Ҳиллаву найранг мекард, тоб медод, ки гапи даркориашро кашаду гирад, ки нашуд. Ман вайро тоб додам. Пуридам, ки бародар ин заминҳо фалшивианд? Гуфт, ҳо. Пурсидам, ки намешавад қонунӣ кард? Гуфт мешавад. Мегӯӣ, кӣ ба мо фурухт, он гоҳ мо настояший мекунем. Дилам пур шуд, ки руяшро сиёҳ мекунад муфаттиш. Заминҳо фалшивий нестанд, ҳақонианд. Заминфурӯшро гуфтаст, ки ҳамин, яъне ман бузӣ кардаам. Ман қасам хурдам, гуфта, ки чи гап дар пеши вай гуфтам ва гуфтам аз ман ташвиш нашав. Манро бовар кард. Гуфт, намешавад. Меравам мегуям ва мепурсам, ки ҳақашро гӯяд. Як рӯз шунидам аз як буз, ки 10.000 долларашро гирифтаанд.
Як рӯз милиса ҳамроҳи ҷамоат омад. Мегӯяд шахсони номаълум дар ҷамоат ба шумо замин фурухтаанд. Ман гуфтам дар сарҳояшон маска набуд, маълуманд. Ҳамсоя фундамент рехт, милисаҳо ҳо гуфтанд ва гуфтанд, ки 3 000 сомонӣ. Падараш дилаш пур, гуфт не. Фундаментро чапа карданд. Занаш бисёр гиря кард, ки 3 говро фурухта додему фундамент рехтем.
Шумо медонед пеш барои ҳақиқатро гуфтан раҳматнома медоданд, ҳозир зиндон мекунанд. Аммо нашуд. Бо ҳар баҳона додарамро барой лайк 5 сол шинониданд, маҳкам аст. Дар Русия акаамро барои регистратсия мегӯянд, ки шумо террористед. Мо автоматро дар хизмати давлат дидем, бешарм. Барои нон одамҳоро маҳкам мекунӣ.
Ин буд моҷарои ба сари ман омада дар Ватан.
Саломат бошӣ, бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.
Деваштич
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз ноҳияи Деваштич, аз минтақаи Калининобод дар бораи Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳия, нозири минтақаӣ-участковийи ҷамоати Ваҳдат, корманди уголовний розиск ва корманди шабакаи барқи Калининобод ва ҷиноятҳои онҳо ба шумо навиштаниам.
Ман ин ҷиноятҳоро бо чашми худам дидам ва аз сарам гузарондам!
Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода аст. Ин хел раиси дузди беинсофро дар таърихи ноҳияи Деваштич надидаем. Ман хостам барои замини наздиҳавлигиям сертификат кунам. Вақте ба Кумитаи замин муроҷиат кардам гуфтанд на кам аз 10.000 сомонӣ расход мекунӣ. Ман пурсидам, ки барои чӣ? Ман ягон кори ғайриқонунӣ накарда истодаам! Нархи давлатии ин санад 1450 сомониро дар бонк супоридан даркор будааст, ки ман супоридам ва санадро коргари Кумита тартиб дод. Ман хостам худам бе роҳи коррупсия, тоза ва қонуниву қоидавӣ сертификат кунам. Аз 6 мақомот имзо гирифтам, албатта, ҳар кадоме пора гирифт, аммо зиёд не 200-300-400сомонӣ. Сонӣ оварда барои бароврдани қарор ба раиси ноҳия.
Котиби раис санадҳоро дид ва гуфт хатоӣ дорад. Бояд дар ҷои ин калима дигар калимаро менавистӣ. Ман гуфтам ин хатоии ман не!
Назди шахсе, ки санадро омода намуда буд, омадам ва гуфтам. Вай ба ман гуфт, ки ин хатоӣ не. Мақсади онҳо пул, то пул надиҳӣ раис қарор намебарорад. Дар ҷои ҳамон калимаи хато навис «раис заната фалон кунам, сонӣ пулро ба қабати санади замин мону деҳ раис қабул мекунад»! Сонӣ санадро оварда додам. Баъд аз як моҳ рафтам, ки ҳоло қарори раис баромадаги не. Боз чанд маротиба рафтам. Охир котибаи раис гуфт, «ако шумо одами туғрӣ будед, ин кор ҳамту ҳал намешад то шапка натид (ришва)». Ман гуфтам чанд сум диҳам? Гуфт дар 7000сомонӣ раис қарор мебароранд. Ман хело хашмгин шудам. Ва рӯзи шанбе дар қабули шаҳрвандон ман ба назди раис даромадам. Либосҳоям одӣ буд ва каме риш доштам. Аз сабаби онки дар саҳро деҳқонӣ мекунам, дастам нарасид. Ба раис гуфтам ман фалонӣ, санади заминро қариб 1.5моҳ шуд додагӣ ҳастам, аммо ҷавобаш набаромадааст. Раис гуфт ту намоз мехонӣ? Ман гуфтам бале мехонам. Боз пурсид, ки ин чи гап риш мондӣ? Ман гуфтам ман деҳқон, дар саҳро кор бисёр. Барои ришгирӣ вақт нест. Бо телефони хонагӣ ба милисахона занг зада милисаро фарёд зад ва дастур дод, ки инро ба отдел бурда ришашро тарошед ва санҷед, ки ба ягон гурӯҳҳои ифротӣ аъзо набошад. Маро бурда дар отдели Ғончӣ ришамро гирифта 500сомонӣ ҷарима нависонда забонхат гирифтанд.
Баъди ин кори раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ман хостам интиқом гирам. Ба прокуратураи ноҳияи даромадам ва хабар додам, ки аз ман раис пул талаб дорад, бояд дастгир кунем. Прокурор маро ба кабинеташ фарёд кард. Гуфт ту як одами деҳқон будаӣ аҳволат барои худат маълум. Ба ту як маслиҳат медиҳам, ба фоидаи худат. Аз ин фикрат баргард. Ту раисро ягон кор карда наметавонӣ. Пулро раис через котиба мегирад, ягон асос надорӣ, фақат котиба ҷавобгар мешавад. Сонӣ, агар исботу далел дошта бошӣ ҳам ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Барои он ки пушти раис Ашуралӣ Ҷалилзода бақувват. Ӯ бо одамҳои ҷаноб наздикӣ дорад. Раис аз ягон кас наметарсад. Ман прокурор, 3 моҳ боз санадҳои замини ҳавлии истиқоматиам дар қабули раис Ашуралӣ Ҷалилзода имзо намемонад, аз ҳамин худат хулоса кун!
Ягон раиси ноҳия Деваштич аз 3-4сол зиёд истода наметавонад. Ин раис Ашуралӣ Ҷалилзода 6 сол мешавад. Ҳоло ҳам дар ҳамин вазифааш. Мақсад одамҳои ҷаноб ӯро дастгирӣ мекунанд!
Ана ин аст аҳволи мақомот! Охир нашуд, 7000сомонӣ додам, дар як ҳафта қарор баромад! Дар минтақаи Калининобод ҷойҳое буд, ки фурӯхтану бино сохтан мумкин набуд:- назди болнитса ё ҷойҳои трансформаторҳо. Аммо ҳама ҷойро Ашуралӣ Ҷалилзода фурӯхт. Ҳатто заминҳои мактабу болнитсаро ҳам фурӯхт!
Участковий, уголовникҳо ва раиси танзим Ғуфронов Имомаддинро гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ гӯем ҳам мешад! Дар минтақаи Калининобод қариб 100ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Он қадар мардуми содаанд, ки пора доданро қонунӣ медонанд. Касоне, ки одам надоранд дар мақомот ё аз қонуну ҳуқуқ хабардор нестанд ва фарзанди синни хизмати ҳарбӣ доранд ҳар призив ба Ғуфронов Имомиддин аз 3000 сомонӣ сари фарзанд медиҳанд.
Ин маблағро хусусан ман бо тариқи Душанбе- ситии як шахс ба корти Имомиддин Ғуфронов гузарондам. Номашро гӯям маро мешиносад! Ин Ғуфронов Имомиддинро шумо шояд шиносед. Пештар корманди комиссариати ҳарбӣ дар ҷамоати Ваҳдат буд. Ӯро мардуми деҳаи Қалъаи дӯст -150нафар маслиҳат карда ба коррупсия қапонданд. Аммо баъд аз як моҳ озод шуда омад ва боз дигар вазифа гирифт. Раиси танзим шуд, ин аст қонун ва ҳукумати Точикистон!
Барои як лайк 8 сол аммо барои порахӯр боз мукофот!
Касе, ки туй мекунад, агар бачааш адои хизмати аскарӣ накарда бошад 2000сомонӣ ставка. Ба Имомиддин Ғуфронов медиҳӣ, сонӣ иҷозат туй! Бачаҳое, ки баъд аз призив аз муҳоҷират бар мегарданд, участковий ва уголовникҳо ба хонаашон меоянд ва гирифт отдел бурда допрос карда телефонашро санҷидаи сонӣ гуноҳ дар гарданаш бор мекунанд. Як хеши наздики маро ҳамин хел карданд. Падараш 4000сомонӣ дод, сонӣ озод карданд. Ҳақиқатро танҳо дар «Ислоҳ» мебинам ва ман ягон касро туҳмат накардаам. Агар давлат адолат дошта бошад марҳмат омада санҷанд худашон мефаҳманд.