Рубрики Pressa

Шинос шавед! Насриддин Исматулло сафири нави Тоҷикистон дар Узбекистон


Имрӯз, 18 ноябр бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор аз вазифаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон озод гардида, ба ҷойи ӯ Насриддин Исматулло таъин гардид.

Насриддин Исматулло то ин мақом муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Ӯ 21 феврали соли 1971 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соҳиби рутбаи дипломатии фиристодаи фавқулода ва мухтори дараҷаи I мебошад.

Насриддин Исматулло соли 1993 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро ва соли 1996 Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русияро хатм кардааст. Дар тӯли фаъолияти худ ӯ дар вазифаҳои муҳими дипломатӣ фаъолият намудааст.

Аз ҷумла:

  • котиби дуюм ва баъдтар котиби якуми раёсатҳои гуногуни ВКХ (1996–2001);
  • мудири шуъбаи СММ (2001–2004);
  • сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрико (2004–2008, 2011–2012);
  • котиби якуми Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир (2008–2011);
  • сафир дар Австрия ва намояндаи доимӣ дар Созмонҳои байналмилалӣ дар Вена (2012–2017);
  • ҳамзамон сафир дар Италия, Словакия ва Маҷористон;
  • муовини вазири корҳои хориҷӣ (2017–2019);
  • сафир дар Покистон (2019–2024);
  • муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ (аз январи 2024).

Насриддин Исматулло донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ аст. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *