Рубрики Хабарҳо

“Сармоя”аз Алифсармоя канда шуд

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон бонки ҷадидро ифтитоҳ кард ва ба Абдулло Қосим роҳбари ин бонк дастуру супориш дод

Бонки миллии Тоҷикистон аз таъсиси бонке нав дар кишвар хабар дод.

Бар хабари котиботи Бонки миллии Тоҷикистон, ин бонки нав бар асоси тарҳи Муассисаи молӣ ва эътибории мавсум ба Алифсармоя иҷозатномаи фаъолият дарёфт кардааст.

Ин муассиса аз соли 2014 дар Тоҷикистон фаъолият мекард ва акнун бо дарёфти иҷозатнома ба унвони бонк ба муштариён хадамоти бонкӣ ироа хоҳад кард.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки бонки нави Алифбонк аз ҳаққи анҷоми муомилоти бонкӣ бо сомонӣ ва арзҳои хориҷӣ бархурдор хоҳад шуд.

Вай ба Абдуллоҳ Қурбонов раиси бонки нави Алифбонк дастур додааст, ки барои ифтитоҳи шуъбаҳои ин бонк дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иқдом кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *