Рубрики Хабарҳо

Фирори паноҳҷӯёни африқоӣ аз Аврупо ба Африқо ба хотири коруно

Паноҳҷӯёни африқоие, ки хатари ғарқ шуданро ба ҷон ме​хариданд то ба Аврупо бирасанд ҳоло ба хотири коруно аз Аврупо ба Африқо бармегарданд. Онҳо барои расидан ба савоҳили Африқо беш аз 5 ҳазор евро ба қочоқчиёни пул медиҳанд. 

Расона​​ҳои Испониё ва Марокаш гузориш додаанд, ки шуморе аз марокаши​ҳое, ки ба таври ғайриқонуни ба Испониё муҳоҷират кардаанд, ба хотири тарс аз мубтало шудан ба вируси коруно дубора ба ба кишваршон бозмегарданд. 

Ҳудуди сад нафар аз паноҳҷӯён дар авохири моҳи март бо ду қаиқи лостикӣ ба Марокаш гурехтанд. Ҳар як аз паноҳҷуён панҷ ҳазор ва 400 евро барои фирор аз Аврупо ба савоҳили Африқо ба қочоқчиёни пул пардохт карданд. Қаблан ҳазинаи рафтан аз ин масир ба Аврупо 400 то ҳазор евро будааст. 

Падидаи аҷиби фирори паноҳҷуёни африқоӣ аз Аврупо ба Африқоро ниҳодҳои иттиҳодияи Аврупо ҳам таъид карда ва гуфтаанд, ки паноҳҷуёни африқоӣ аз манотиқе аз Аврупо, ки бӯҳрони коруно шиддат ёфта фирор ме​кунанд. 

Испониё бо 226 ҳазор мубтало ба COVID-19 ва Итолиё бо 197 ҳазор нафар олуда ба вируси коруно дар раъси кишварҳои корунозадаи аврупоӣ қарор гирифтаанд. 

Бӯҳрони коруно ҳар ду кишварро амалан ба таътил ва карантин кашонда ва бекориро домангири мардумаш кардааст. Ин вазъият сабаб шуда гурӯҳе аз паноҳҷуён дубора ба кишварашон баргарданд. 

Дар як гузориш, ки расона​ҳои Марокаш мунташир карданд омадааст, ки қайиқи гурӯҳе аз паноҳҷуён вақте ба соҳил расида бо амвоҷи азиме мувоҷиҳ шуд, ба гунае, ки қайиқнишинон наме​тавонистанд дар соҳил пиёда шаванд. Паноҳҷуён маҷбур шуданд барои пиёда шудани аз қойиқ ва расидан ба соҳил ҳар як 300 евро бипардозанд. 

Бозгашти паноҳҷуён аз Итолиё ҳам идома дорад ва полиси ин кишвар аз фаъолияти мафия барои бозгардонди паноҳҷуён ба Африқо гузориш додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *