Тибқи як гузориши Евронюз, додаҳои гумруки Русия нишон медиҳад аз замоне, ки таҳримҳои Ғарб масири суннатии содироти Русияро қатъ кардааст, Амороти муттаҳидаи арабӣ ба қутби тиҷории калидии тиллои Русия табдил шудааст.
Ин омор, ки ҷузиёти наздик ба ҳазор маҳмулаи тилло аз 24 феврали 2022 то 3 марти имсолро фаро гирифтааст, номи беш аз 100 ширкати ғайрирусиро нишон медиҳад, ки тиллои Русияро ворид кардаанд. Ин таърих аз замоне аст, ки бозорҳои Ғарб воридот аз Маскавро мамнуъ эълом карда буданд.
Қаблан хабарҳое дар бораи содироти тиллои Русия тавассути Тоҷикистон ба Ҳинд низ рӯй зада буданд, аммо то ҳол ин маълумот таъйид нашудааст.
Албатта тибқи гузоришҳои мунташиршуда мумкин аст ин омори тамоми ин содирот дар он давраро пӯшиш надиҳад. Дар бисёре аз мавридҳо, ин омор танҳо ирсолкунандагон ё муомилагирони даргир дар муомиларо нишон медиҳад, на харидори ниҳоӣ, ки метавонад як ҷавоҳирсоз ё сармоягузор бошад. Дар ин гузориш ҷузъиёти бархе аз ширкатҳое, ки дар ин замина мушорикат доштаанд, оварда шудааст.
Лондон
Тибқи додаҳои гумрукӣ, теъдоди ангуштшуморе аз маҳмулаҳои Русия пас аз шурӯъи ҷанги Укроин, аммо қабл аз шурӯъи мамнуъияти воридоти Ғарб, вориди Лондон шудааст.
Бонки амрикоии JPMorgan дар моҳи март ва апрели соли гузашта 72.4 килограмм тилло ба арзиши 4.5 миллион доллар маҳмулаи тилло аз Русия доштааст, дар ҳоле, ки ширкати амниятии суидии “Лумис” 97.4 килограмм ба арзиши 5.9 миллион доллар дар моҳҳои март, май ва июн ҳамл кардааст. Ҳар ду ширкат дорои хазонаҳои филизоти гаронбаҳо дар Лондон ҳастанд.
Ин додаҳои гумрукии JPMorgan ва бархе аз маҳмулаҳои “Лумис”-ро ба унвони гиранда зикр кардааст.
Сухангӯи JPMorgan аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардааст. “Лумис” ҳам угуфта, ки бо тарафи таҳримшуда ё колои таҳримшуда тиҷорат намекунад ва колоеро намехарад. Фақат онҳоро барои муштариён ҷо ба ҷо мекунад.
Ин ширкат ҳамчунин аз изҳори назар дар маврди маҳмулаҳои хос худдорӣ кард ва гуфт ба назар мерасад додаҳои гумрукӣ, ки Реййетрз ба онҳо истинод мекунад иттилооти нодурусте додаанд.
Амороти муттаҳидаи арабӣ
Омори гумрукӣ нишон медиҳад, ки бузургтарин омили содироти тиллои Русия ба Аморот, ширкати “Тамис Люкс”, яке аз ширкатҳои тобеъаи ироадиҳандаи хадамоти лрҷистикии фаронсавӣ дар Дубай будааст. Ин ширкат байни 24 феврали 2022 то 3 марти имсол 15.6 тонн тилло ба арзиши 863 миллион доллар ворид кардааст.
Пас аз он, ширкати “Трансголд” (Transguald”), бахше аз ширкати “Гурӯҳи Аморот” қарор дорад. Ин ширкат 14.6 тонн тилло ба арзиши 820 миллион доллар ворид кардааст.
Ширкати Тамис Люкс гуфтааст, ки ин воридот ба таври комил бо қонунҳо ва муқаррароти Аморот муттаҳидаи арабӣ барои ҳамлу нақл мутобиқат доштааст. “Гурӯҳи Аморот” ҳам эълом кард, ки “Трансголд”, ҳеҷ тиллои русӣ нахарида ва акнун ҳамлу нақли нуқраро ҳам мутаваққиф кардааст.
17 ширкати ғайрирусии дигар ҳар кадом дар интиқоли беш аз як тонн тиллои русӣ ба Аморот дар таърихҳои байни 24 феврали 2022 то 3 марти 2023 мушорикат доштаанд. Дигар ширкатҳое, ки ба ирсоли тиллои Русия ба Аморот кумак кардаанд, ҳар кадом камтар аз 5 тонн ҷо ба ҷо кардаанд.
Гонконг
Тақрибан тамоми маҳмулаҳои тиллои Русия ба Гонконг ва сарзамини аслии Чин тавассути ширкати “V поуер финонс секюрити” , ки як ширкати лоҷастикии чинӣ аст, анҷом шудааст.
Омори гумрукӣ нишон медиҳад, ки ин ширкат дар ҷобаҷоии 20.5 тонн тилло ба арзиши 1.2 миллиард доллар байни моҳи майи 2022 то марти имсол дахолат доштааст. Ин ширкат ба дархостҳо барои изҳори назар посух надодааст.
Панҷ ширкати ғайрирусии дигар беш аз як тонн тилло аз Русия ба Чин ворид кардаанд.
Туркия
Ҳеҷ ширкати шахсии ғайрирусӣ беш аз чанд тонн тилло ба Туркия ҳамл накардааст аммо ҳашт ширкат дар соли гузашта то 3 марти 2023 беш аз як тонн тилло аз Русия воридот кардаанд.
Бозори Лондон
Ҳадди ақал дуто аз ширкатҳое, ки дар ин омори гумрукӣ ном бурда шудаанд, аз аъзои анҷумани бозории Лондон ҳастанд. “V поуер финонс секюрити” як узви одӣ ва “Трансголд” як узви вобастааст.
Анҷумани бозори Лондон эълом кард, ки аъзо бояд аз қавонини онҳо пайравӣ кунанд, ки шомили тобеият аз таҳримҳои Иёлоти муттаҳида, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия мешавад.
Ин Созмон эълом кард, ки ҳаргуна иддаоҳоеро мабнӣ бар ин ки аъзои анҷумани бозори Лондон, тиллои Русияро ҷо ба ҷо кардаанд баррасӣ хоҳад кард ва метавонад узвияти ҳар ширкате, ки ин иқдомро анҷом дода лағв кунад.