Маҷлиси Туркия тасмими Маҷлиси намояндагони Амрико дар таъйиди ҳаводиси соли 1915 таҳти унвони “наслкушӣ”-ро маҳкум кард.
Баёнияи Маҷлиси Туркия: Тарҳи Маҷлиси намояндагони Амрико, ки номаш бо таҳдиди таҳрим алайҳи Туркия дар ҳам омехтааст, танҳо ба маънии боҷгирӣ аст. Туркия ҳеҷгоҳ дар муқобили боҷгирӣ сар хам накардааст, инак низ эълом мекунем, ки ба шакли якпорча ин тарҳро маҳкум мекунем.
Маҷлиси Туркия: Тасвиби пешнависи тарҳе дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар бораи иддаое ба истилоҳи “наслкушии арманиҳо” алорағми мухолифати намояндагони боҳуш ва бовиҷдони ин Маҷлис ва табдили он ба як қатъномаро маҳкум мекунем ва намепазирем.