Ба даъвои Абдулмӯъмин Оеви 63 сола, сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” оиди буғӣ шуданаш аз тарафи раиси ин бонк раҳбарияти ин муассисаи молиявӣ вокуниш нишон дод.
Дафтари матбуотии “Тоҷиксодиротбонк” дар изҳороти худ дар робита ба даъвоҳои Оев навиштааст, ки суханҳои ин корманди бонк комилан бепояанд ва ба ӯ кормандони Мудирияти муваққатӣ ягон фишори ҷисмонӣ наовардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Абдулмӯъмин Оев гуфта буд, раиси Мудирияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” Мирҳаёт Ёқубов ӯро барои гузоштани жучок ё дастгоҳи сабти овоз дар дафтари кориаш гумонбар шумурда, дар ҳузури 12 ходими бонк носазо гуфта ва буғӣ кардааст. Ҳамчунин вай ба муҳофизи худ амр кардааст, то Оев баёнот нависад, дар ҳоҷатхона дар ҳабс нигоҳ дорад.
Дар изҳороти дафтари мабтуотии “Тоҷиксодиротбонк” омадааст, Абдулмӯъмин Оев аз соли 2008 ба ин сӯ дар ин муассиса кор мекунад ва ба ҷуз пешгирии ин иншоот аз сӯхтор “ба зиммаи у инчунин назорати сенсорҳои зиддисухторӣ, ки пешгирии сӯхторро таъмин менамоянд, вогузор карда шудааст”.
Дар идомаи изҳороти “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз тарафи дафтари матбуотиаш нашр гардидааст, таъкид шудааст:
“Муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисухторӣ аз руи таъиноташон амалӣ нагашта, дар яке аз онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гуш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад”.
Мудирияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” тасмим гирифтааст, ки омилҳои чунин кори ғайриқонуниро ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид ва дар робита ба ин ҳодиса ба мақомоти интизомӣ муроҷиат хоҳад кард.
Сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” Абдулмӯъмин Оев мегӯяд, вай дар пайи бадрафториҳои сардори бонк Мирҳаёт Ёқубов ба бемории асаб гирифтор гашта, ҳоло дар бемористони марказии пойтахт табобат мегирад.
Рубрики
Хабарҳо