Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии Тоҷикистон дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара бо сабаби мушкилоти молӣ ба таъхир афтодааст.
Мудирияти Минтақаи озоди иқтисодӣ дар баёнияе эълом кардааст, ки бар асоси барнома қарор буд ширкати чинии муҷрии сохти нахустин корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии Тоҷикистон то 9 сентябр ва солгарди истиқлоли ин кишвар, марҳилаи нахусти ин корхонаро ба баҳрабардорӣ расонад.
Бар асоси ин баёния, мушкилот дар интиқоли маблағи мавриди ниёз барои идомаи сохти корхона аз сӯйи яке аз бонкҳои Тоҷикистон, сабаби таъхир дар баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти ин тарҳ шудааст.
Ҳамчунин ба иллати мушкилоти молӣ бахше аз таҷҳизоти мавриди ниёзи ин корхонаи коркарди маҳсулотҳои нафтӣ бо таъхир ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Мушкилоти молӣ ҳамчунин муҷиби ба таъхир афтодани пардохти маоши коргарони фаъол дар сохти корхонаи нафти Данғара шудааст, ба наҳве, ки ҳамакнун танҳо 30 то 40 дарсади коргарони иҷрои ин тарҳ ба фаъолият дар он идома медиҳанд аммо огоҳиномаи ихроҷ аз кор бидуни ҳуқуқ ба даст гирифтаанд.
Мудирияти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара тасреҳ кардааст, ки бо ин шароит ба эҳтимоли зиёд баҳрабардорӣ аз марҳилаи нахусти ин корхона танҳо дар моҳи ноябри имсол имконпазир хоҳад буд.
Бо ифтитоҳи марҳилаи нахусти корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии Данғара дар устони Хатлони Тоҷикистон, заминаи коркарди 500 ҳазор тон нафт дар сол фароҳам хоҳад шуд. Бо такмили ин тарҳ Тоҷикистон метавонад солона як миллион тон нафти хомро дар ин корхона истихроҷ кунад.
Ҷумҳурии Халқии Чин барои сохти ин корхона 450 миллион доллар маблағ ҷудо намудааст. Аммо сабаби ихтисос дода нашудани маблағи ҷудонамуда ба сохти корхона номаълум боқӣ мондааст. Номи бонки амонатдори маблағи мазкур низ ифшо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, барои ба истифода додани иншоотҳое аз қабили чойхона, марокизи фарҳангӣ ва ғайра, ки аҳамияти камтар ё аслан аҳамият надоранд (масалан чойхонае, ки касе ба онҷо намеравад) маблағҳо сари вақт ҷудо ва интиқол меёбанд ва дар вақти муаяншуда ва ё пеш аз муҳлат ба истифода дода мешаванд.
Сабаб шояд дар он бошад, ки он чойхонаву марказҳо бо дасти “соҳибкорони ватандӯст” — додарарӯсу хоҳарарӯс ва домоду духтарони Раисҷумҳур сохта мешаванд ва аз худ кардани маблағҳо, ки аз тарафи буҷа ҷудо мешаванд осонтар аст? Дар сурате, ки маблағҳои инвесторӣ а тарафи маблағгузор назорат мешаванд ва дуздидани он мушкилтар аст, шояд бонки Оила қарор додааст он маблағҳоро каме гардиш диҳад?