Бо вуҷуди ин ки мақомоти Тоҷикистон даъво мекунанд таҳаввулоти Белорус ҳеҷ таъсире дар Тоҷикистон нахоҳад дошт, ба назар мерасад худи онҳо ба ин ҳарфҳояшон чандон бовар надоранд. Онҳо ба даъвати мардум шурӯъ кардаанд, то ба “фитнаҳои душманони миллат” бовар накунанд.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём ҳаводиси Белорус то ҳаде ба раисҷумҳуру атрофиёнаш таъсир кардааст, ки на танҳо ҳамеша дар долонҳои ҳукумат аз Белорус ҳарф мезананд, балки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои амният муваззаф шудааст комиссиюне барои омӯзиши ин ҳаводис ва роҳҳои пешгирии интиқоли он ба Тоҷикистон созмон диҳад.
Як манбаъи дигари Паём иттилоъ дод, қарор аст ба зуди дар масочид баргузории намози ҷамоъат бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ иҷоза дода шавад. Ҳади ақал намози ҷумъа. Аввалин хутбаи намози ҷумъа низ дар ҳоли омодашавист. Манбаъ мегӯяд он ба ҳаводиси Белорус нигаронида шудааст.
Имомхатибон муваззаф хоҳанд шуд мардумро “бовар кунонанд”, ки таҳаввулот дар Белорус ва Хабаровски Русия ҳеҷ таъсире ба Тоҷикистон надорад ва ин “душманони миллат” ҳастанд, ки бо истифода аз он ҳаводис “байни мардум фитна меандозанд”.
Манбаъи Паём мегӯяд дар ин хутбаи рӯзи ҷумъа ба фарқ байни Белорусу Русия ва Тоҷикистон, таъсир надоштани ҳодисаҳои онҷо воқеъмешуда ба кишвари мо, ғамхориҳои ҳукумати Тоҷикистон ба мардум, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайра таъкид шудааст. Мо хоҳиш кардем нусхаи ин хутбаро ба мо фиристад, вале манбаъ ба далели амниятӣ аз ин кор худдорӣ кард.
Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъ кушодани масоҷид ҳеҷ рабте ба вазъи вируси коруно дар Тоҷикистон надошта, ҳадаф танҳо интихоботи дарпешистодааст. Мақомот мехоҳанд ҳам хашми намозхононро, ки моҳҳост мунтазири бозшавии дари масоҷиданд аз худ дур кунанд ва ҳам масоҷидро барои таблиғоти қаблазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон истифода кунанд.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз амалкардҳои мақомот аз он дарак медиҳад, ки комиссиюне, ки раисҷумҳур Шӯрои амниятро ба таъсисаш муваззаф кардааст, ташкил шуда ба кор шурӯъ кардааст. Ва ё ҳади ақал барномаи аввалияи ҳукумат дар муқобила бо таъсири ҳаводиси Белорус ва Русия ба Тоҷикистон омода ва иҷроӣ шуда истодааст.
Барои мисол ду узви Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон дар дидор бо сокинони маркази вилояти Хатлон хостори зиракии сиёсии онон дар баробари «таҳрикоти душманони миллат» шуданд.
Махфират Хидирзода ва Меъроҷ Раҳимзода, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар ин дидор бо таъкид ба аҳамияти баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар дар рӯзи 11 октябр, аз сокинони шаҳри Бохтар хостаанд, ки таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат, ки асли интихоботро зери савол мебаранд, қарор нагиранд.
Онон бо ишора ба бархе аз иттифоқоти ахир аз ҷумла эътирозот дар Беларус ба натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳҳои дар хориҷ аз Тоҷикистон талош мекунанд бо сӯистифода аз ин таҳаввулот мардумро нисбат ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бадбин созанд.
Ба гуфтаи Хидирзода ва Меъроҷзода, гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷ аз Тоҷикистон тағйири замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз якшанбе аввали моҳи ноябр ба рӯзи 11 октябри имсолро баҳонае кардаанд то интихоботро ғайриқонунӣ ҷилва диҳанд.
Тибқи иттилоъи манобеъи Паём, дар маҳалҳо низ “фаъолон” муваззаф шудаанд ба мардум фаҳмонанд, ки бовар кардан ба мухолифин ва “душманони миллат” дар ончи онҳо дар бораи таъсири ҳаводиси Белорус ба кишвар мегӯянд, кори дурусте нест. Онҳо ҳамчунин вазифа гирифтаанд афроди фаъоли мухолифро сахттар аз қабл назди мардум сиёҳ кунанд. Гуфтанист, “фаъолон” мақомот ба афроде мегӯяд, ки ҷонибдори сарсахти ҳукумат буда, ё вазифаҳои кӯчаке мисли раиси маҳалла доранд ва ё ба ивази маблағҳои бисёр кам хабаркашӣ мекунанд.
Албатта кӯшишҳои ҳукумат дар пешгирӣ аз таъсири ҳаводиси ин ду кишвар ба Тоҷикистон чизи аҷибе нест ва бештари коршиносон онро пешгӯӣ карда буданд. Аммо аҷиб роҳҳои интихобкардаи ҳукумат аст, ки аз худашу пешинаи коммунисташ ҳам кӯҳнатар аст.
28 сол аст, ки ҳукумати Тоҷикистон усулҳои таблиғотӣ ва “фаҳмондадиҳи”-и меросмонда аз замони шӯравиро истифода мекунад. Дар ин наздики 30 сол ҳукумат як мутахассиси хуби таблиғ ва ҷанги иттилоъотӣ пайдо накард, ки ақалн як маротиба муваффақ шавад. Ҳамеша дар муборизаҳои иттилоъотӣ чӣ бо хориҷ ва чӣ бо мухолифон шикаст хӯрдааст. Ҳамин номуваффақиаш буд, ки муҳоҷири тоҷик дар Русия ба ин ҳоле расид, ки дорад. Ҳамин номуваффақӣ тоҷикро дар тамоми дунё чун террорист муаррифӣ кардааст.
Ин ки усулҳои таблиғ, матни хутбаҳо ва тарзи расонидани он ба мардум примитивӣ, аз замони Дақёнусмонда ва ғайрикасбӣ аст, ҷои баҳс нест. Бинобар камтарин таъсир надоштани онҳо ба зеҳнҳояшон ва ҳатто таъсири баръаксашон, аксари намозгузорон мекӯшанд ба масҷид баъди тамом шудани хутбаҳо ворид шаванд. Гузашта аз ин, таблиғоти ҳукуматӣ аз забони касоне садо медиҳад, ки бештарашон камтарин обрӯву таъсире байни мардум надоранд. Чанд соли охир ҳукумат тамоми рӯҳониёни таъсиргузорро аз минбарҳои масҷид канор зад ва ҷояшон онҳоеро овард, ки дар тамаллуқу хабаркашӣ ҳунари бештаре доранд. Мардум табиатан ба ин гуна афрод нафрат дорад ва ҳарчи онҳо мегӯянд, баръаксашро анҷом медиҳад.
Ҳамин тавр бо ҳамин ҳадаф ба назди мардум фиристодани кормандони ҳукуматӣ, вакилон, “фаъолон” ва ғайра айнан ҳамин таъсирро дорад. Ин нафарон пеши худашон, ҳамдигар ва расонаҳои ҳукуматӣ афроди обрӯманд, шинохта ва таъсиргузор қаламдод мешаванд. Дар асл воқеъият комилан баръакси он аст. Даст пеши бар гирифтани мардум аз дидани онҳо (ки худашон онро нишони обрӯву эътиборашон пиндоштаанд) ё аз тарс аст ё аз тамаллуқ.
Чӣ қадар эътибор доштану таъсиргузор будани ин афродро метавон тавассути шабаҳои иҷтимоӣ, ки касе онҷо каси дигарро маҷбур ба тамаллуқ задан, хондан ё лайку шарҳ гузоштан карда наметавонад, тафтиш кард. Шумо метавонед навишта ё баромади дилхоҳ мансабдор дар дилхоҳ расонаро бубинед, ки чӣ қадар хонанда ё тамошобин дорад. Агар “обрӯмандтарин”-и мансабдорон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бошад, баромадҳои ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто ҳазор тамошобин надорад (албатта ба ҷуз баромадҳои сенсатсиониаш мисли “қурқтоб бо барги олуча”). Дар ҳоле, ки як блогери камшинохтаи мухолифро 50-60 ҳазор тамошо мекунанд. Чӣ расад ба фаъолон, ки наворҳояшон то 1 миллионро ба дидан ҷалб кардааст.
Ин кӯшишҳои ҳукумат ба оне мемонад, ки мехоҳад пеши сели бузургро бо хасу хошок бигирад.
Хулоса, ҳоло ҳукумат ҷои ин ки ба сабаби ин қадар ҷалби диққати тоҷикон кардани ҳаводиси Белорус пардозаду роҳҳои ислоҳи худашро ҷустуҷӯ кунад, мехоҳад бо ҳамин усулҳои аз замони Николай монда таъсири онро ба ҷомеъаи тоҷик камтар созад. Дар ҳоле, ки ба назари мо ҳаводиси Белорус яке аз ҳалқаҳои занҷираи ногузири таҳаввулот дар кишварҳои диктотурист.
Новобаста аз он, ки мардуми Белорус қиём мекард ё на, новобаста аз натиҷаи он, замони диктотурҳо ба поён расидааст. Дар 30 соли охир ҷаҳон аз 80 дарсади диктотурҳо наҷот ёфт ва мардумони зиёде ба озодӣ расиданд. Мардуми Белорус, сипас мардумони Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон ҳам ҳатман ба зудӣ диктотурҳояшонро ба ошғоли таърих мефиристанд. Ҳоло тасмим ба дасти худи диктотурҳост, ки поёни худро чӣ гуна мехоҳанд бубинанд — кушта шудан бо хориву зорӣ мисли Каззофӣ ё фирору дарбадарӣ мисли Боқиеву баъзе диктотурҳои африқоӣ, ки якеаш ҳам чанд вақт пеш ба дасти ҳамватанонаш дар Фаронса афтоду латукӯб шуд.
Қаблан роҳи дигаре ҳам барои диктотурҳо вуҷуд дошт — тавба кардану супоридани қудрат. Аммо ҳоло ҳамагӣ ду роҳе боқӣ мондааст, ки зикр кардем.