Оҷонсии иттилоотии “Sputnik Узбекистона” дар такя ба хабарнигори вижаи худ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон иттилоъ додааст, ки мақомот дар ин кишвар ба ҳар шева аз “овозаҳои бардурӯғ дар байни мардум дар бораи марги президент Ислом Каримов” ҷилавгирӣ мекунанд.
Ин манбаъ навиштааст, ки нафароне, ки дар байни аҳолӣ “овозаҳои беасос дар ин робита паҳн месозанд”, боздошт ва маҳкум ба ҷазо мегарданд. Худи мардум низ дар сурати рӯбарӯ омадан ба чунин шахсони “провакатор” аксуламали манфӣ нишон медиҳанд.
Ин оҷонсӣ гуфтааст, ки рӯзе қабл дар яке аз бозорҳои марказии шаҳри Тошканд бо номи “Чорсӯ” нафаре дар бораи хабари марги Каримов гап кушода, ба балои азим печидааст. Ин шахс гуфтааст, ки мутмаин аст, Ислом Каримов ба дорул-фано реҳлат намудааст. Аммо тоҷирони бозор дар қиболи ӯ ғазаб намуда, бо шишаҳои холии оби маъдан ӯро задаанд ва таҳдид кардаанд, ки дар сурати давом додани суханҳои дурӯғ дасту пойҳояшро хоҳанд шикаст.
Дар ҳоле, ки манбаҳои ғайрирасмӣ аз даргузашти Каримов иттило медиҳанд, мақомоти Ӯзбакистон мегӯянд, ки ӯ ҳанӯз зиндааст ва имкони беҳбудии вазъаш ҳам вуҷуд дорад.
Баъзе аз роҳбарони кишварҳо, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон Ислом Каримовро ба 25 солагии истиқлолияти кишвараш табрик карданд.