Раисҷумҳур ва мақомҳои низомии аршади Укроин барои баррасии роҳҳои муқобила бо паҳподҳое, ки Русия дар ҳамла ба Укроин истифода мекунад ҷаласаи вижа доштаанд. Ҳамзамон Кремл ба роҳ додан ба иштибоҳ дар эъломи басиҷи умуми эътироф кардааст.
Дафтари риёсатҷумҳурии Укроин эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҳамалоти Русия бо паҳподҳои ҷангии Эрон дар ҳамла ба минтақаи Одесса, рӯзи душанбе 26 сентябр ҷаласаи вижа бо ширкати раисҷумҳур ва фармондеҳони артиш баргузор шуда то роҳҳои муқобила бо ин паҳподҳоро баррасӣ кунанд. Дар ин ҷаласа вазири дифоъ, фармондеҳи бахши иттилооти артиш ва теъдоди дигаре аз мақомоти низомии аршади Укроин ширкат доштаанд.
Эъломи ташкили ҷаласаи рӯзи душанбе ҳамзамон бо он сурат гирифт, ки Сергей Баратчук, сухангӯи фармондории Одесса аз истифодаи бештари артиши Русия аз паҳподҳои эронии модели “Шоҳид 136” дар ҳамалот ба ин шаҳр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ ҳадди ақал аз панҷ фарванд аз ин модел паҳподҳо дар ҳамалоти ахир истифода шудааст. Дар ин ҳамалот як маркази идорӣ дар Одесса се бор мавриди таҳоҷум қарор гирифтааст, ки албатта касе маҷрӯҳ ё кушта нашудааст. Сухангӯи ёдшуда гуфтааст, ки яке аз паҳподҳои муҳоҷим бо оташ зиддиҳавоии нерӯҳои Укроин сарнагун шудааст.
Ҷумъаи гузашта низ манобеъи укроинӣ аз ҳамлаи Русия бо паҳподҳои эронӣ ба шаҳри бандарии Одесса хабар дода буданд, ҳамлае, ки дар ҷараёни он як ғайри низомӣ кушта шуд.
Дар пайи ҳамлаи ду рӯз қабл низ нерӯҳои зиддиҳавоии Укроин аз сарнагунии 5 паҳподи сохти Эрон хабар дод.
Бо афзоиши корбурди паҳподҳои сохти Эрон тавассути Русия дар ҳамла ба Укроин, вазорати умури хориҷаи ин кишвар рӯзи шанбе 24 сентябр эълом кард сафири Эрон дигар наметавонд ба тааҳҳудоти худ дар кишвари мизбон амал кунад ва бояд ба Теҳрон бозгардад. Илова бар ин, сафорати Эрон дар Киев коркунони дипломатики худро бояд ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳад.
Вазорати хориҷаи Укроин ҳамчунин эълом кард, иқдоми Эрон барои таҳвили таслиҳот ба Русия дар ҷанг “иқдоми ғайридӯстона” аст ва зарбае ҷиддӣ ба равобити Укроин ва Эрон ворид мекунад.
Ниҳодҳои иттилоотии Амрико дар авохири моҳи август гузориш доданд, ки Русия ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини эрониро харидорӣ кардааст то аз онҳо дар “ҷанги таҷовузкорона”-и худ алайҳи Укроин истифода кунад.
Барномаи паҳподҳои Эрон дар солҳои ахир густариш ёфта ва ин кишвар онҳоро ба Яман, Ироқ, Сурия ва Лубнон низ содир кардааст, аммо ин нахусти нбор аст, ки Эрон аз ин паҳподҳо дар хориҷ аз Ховари Миёна истифода мекунад.
“Ҳамапурсӣ” дар манотиқи ишғолӣ ба поён расид
Маскав мегӯяд, ки “ҳамапурсӣ” аз мардуми манотиқи ҷануби шарқи Укроин, ки дар тасарруфи нерӯҳои Русия аст, “ба рағми ҳамалоти тӯпхонаии Укроин анҷом шуд”. Ҳадаф аз “ҳамапурсӣ”, гирифтани “мувофиқияти мардум” барои илҳоқи манотиқи ёдшуда ба Русия аст. Бино ба иддаои Русия минтақаи Донетск, ки яке аз манотиқи мушмули “ҳамапурсӣ” аст “дар ҷараёни раъйгирӣ 115 бор мавриди ҳамлаи артиши Укроин қарор гирифтааст.”
Ба гуфтаи мақомҳои Русия дар минтақаи Херсон ва Запориже дар шарқи ҷануби Укроин “ҳамапурсӣ” ба лиҳози мушорикати ҳадди ақал 50 дарсад соҳибони ҳаққи раъй ба ҳадафи худ расидааст.
“Ҳамапурсӣ” дар манотиқи ишғолии Укроин бо мухолифати байналмилалии рӯ ба рӯ шудааст. Хабарҳое дар даст аст, ки мардуми ин манотиқ барои додани раъй зери фишор қарор гирифтаанд.
Русия: дар басиҷи умумӣ иштибоҳоте сурат гирифтааст
Сухангӯи давлати Русия мегӯяд, ки дар басиҷи нисбии афроди захира барои ширкат дар ҷанг алайҳи Укроин иштибоҳоте рух дода, ки ҳоло ислоҳ шудаанд. Дмитрий Песков ҳамчунин эълом кард, ки давлат то кунун тасмиме барои бастани марзҳо нагирифтааст.
Финланд охири ҳафтаи гузашта эълом кард, шумори шаҳрвандони Русия, ки “дар рӯзҳои ахир” хоҳони вуруд ба Финланд ҳастанд рекорди соли ҷориро шикастааст. Рӯзи шанбе шумори русҳое, ки аз роҳи заминӣ ба Финляндия ворид шуданд ҳудуди 8600 нафар буд. 4200 нафар дар масирм баръакс сафар карданд ва ба Русия бозгаштаанд. Ин арқом дар рӯзи якшанбе ба тартиби 8300 нафар ва 5100 нафар будааст.
Бо эъломи басиҷи бахше аз нерӯҳои захира барои ширкати эҳтимолӣ дар ҷанги ҷорӣ дар Укроин тавассути Владимир Путин, хурӯҷи афроди шомили ин ҳукм аз Русия шиддати бесобқае гирифтааст. Хутути ҳавоии Туркия ва кишварҳои арабӣ Халиҷи Форс баъзан то ду ҳафтаи дигар ҳамаи билетҳояшон фурӯш рафтааст. Ҳамзамон тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия алайҳи ҳукми ёдшуда ҷараён доштааст, ки тавассути полис саркӯб шудаанд.