“Форен полиси” дар гузорише мегӯяд Русия командосҳои артиши собиқи Афғонистонро барои ҷанги Укроин истихдом мекунад. Ин маҷаллаи хабарӣ ба нақл аз чандин манбаъи низомӣ ва амниятии Афғонистон навишта, ки нерӯҳои омӯзишдидаи афғон метавонанд нерӯи мавриди ниёзи Русияро ба таври қобил мулоҳизае дар ҷанги Укроин фароҳам кунанд.
Нависандаи гузориш ба нақл аз як мақоми амниятии пешини Афғонистон менависад, ки ҳамкории нерӯҳои афғон бо Русия дар майдони набард “тағйирдиҳандаи бозӣ” хоҳад буд, зеро Путин дар талош аст то барои пирӯзӣ дар ҷанг аз нерӯҳои хориҷӣ сарбозгирӣ кунад.
Як фармондеҳи командосҳои собиқ ба “Форин полиси” гуфтааст, ки ба теъдоде аз ҳамкорони собиқаш кумак карда то бо як дафтари истихдом дар Теҳрон иртибот барқарор кунанд. Ў гуфт, ки нерӯҳои истихдомшуда аз Афғонистон ба Эрон ва сипас ба Русия мунтақил шуданд. Ба гуфтаи ӯ “вақте онҳо пешниҳоди Русияро мепазиранд, телефонҳои онҳо хомӯш мешавад.” Ӯ афзудааст “онҳо хеле махфиёна пеш мераванд.”
“Форен полиси” ба нақл аз “Афғонистон интернешнл” нигоштааст, ки ба ин низомиёни собиқи афғон ваъдаи шаҳрвандӣ ва маоши хуб дар ивази ҳузур дар ҷанги Укроин дода мешавад.
Ду рӯз пеш, “Афғонистон интернешнл” дар гузориши ихтисосӣ ба нақли шуморе аз нерӯҳои амниятии пешини афғон гузориш дод, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳоли сабти номи низомиёни афғон дар Эрон барои истифода аз онҳо дар ҷанги Укроин аст. Манобеъе ба “Афғонистон интернешнл” гуфтаанд, ки ба низомиёни собиқи афғон ваъдаи шаҳрвандии Русия ва маоши хуб дар ивази ҳузур дар ҷанги Укроин дода шудааст.
Як мақоми собиқ дар ҳукумати пешини Афғонистон, ки як афсари командосҳои афғон низ буда ба “Форин полиси” гуфтааст, ки ӯ мӯътақид аст “Вагнер” пушти ҷазби Русия аз нерӯҳои вижаи Афғонистон будааст.
Ба гуфтаи ӯ танҳо ниҳоде, ки нерӯҳои хориҷиро барои Русия ҷазб мекунад гурӯҳи Вагнер аст ва на артиши Русия. Ў афзуд, ки ин як фарзия нест. Ин як воқеият аст.
Ин мақоми низомии пешин мегӯяд, ки нерӯҳои артиши собиқи Афғонистон намехоҳанд барои русҳо биҷанганд. Ў афзуд: “русҳо душман ҳастанд аммо онҳо чӣ кори дигаре бикунанд?”
Тибқи ин гузориш, Вагнер як созмони машкук аст, ки гумон меравад тавассути Евгений Пригожин як тоҷири руси наздик ба Путин идора мешавад. Пригожин ахиран дар видеое, дар ҳоли сабти номи зиндониён дар ивази лағви маҳкумият барои илҳоқ ба нерӯҳои Русия дар Укроин дида шудааст.
“Форин полиси” менависад, ки акнун 20 то 30 ҳазор аз нерӯҳои гурӯҳҳои махсуси Афғонистон аз замони вогузории қудрат ба Толибон дар Афғонистон ҷо мондаанд.
Ҳазорон сарбози артиши собиқи Афғонистон ба сӯи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа гурехтанд зеро Толибон вафодорон ба давлати пешинро боздошт карда ва садҳо танро куштаанд.
Бисёре аз нерӯҳои низомии пешин, ки дар Афғонистон боқӣ мондаанд барои ҷилавгирӣ аз дастгирӣ ва эъдом махфӣ шудаанд.
“Форин полиси” менависад, ки бисёре аз ин нерӯҳо бекор ва ноумед ҳастанд ва шуморе аз онон ҳанӯз мунтазири интиқол ба Иёлоти муттаҳида ё Бритониё ҳастанд.
Ба гуфтаи манобеъи амниятии афғон ин амр ба таври билқувва интихоби онҳоро барои истихдомкунандагони русӣ осон мекунад.
Бархе аз камондаҳои собиқ гузориш додаанд, ки дар ватсап ва сигнал бо пешниҳодоте барои пайвастан ба он чи, ки бархе коршиносон аз он ба унвони “легиони хориҷӣ”-и русӣ барои ҷанг дар Укроин ёд мекунанд, дарёфт кардаанд.
“Форен полиси” менависад, ки ахбори марбут ба талошҳои ҷазби нерӯҳои афғон аз сӯи Русия боиси нигаронии маҳофили низомӣ ва амниятӣ Афғонистон шудааст.
Бархе аз онон мегӯяанд ин имкон вуҷуд дорад то 10 ҳазор нерӯҳои амалиётии гурӯҳҳои хос ба пешниҳодоти Русия посух бидиҳанд чаро, ки ба гуфтаи як манбаъи низомии дигар “онҳо на кишваре доранд на шуғл ва ояндае. Онҳо чизе барои аз даст додан надоранд.”
Нависанда ба нақл аз ин манбаъи низомӣ мегӯяд, ки сарбозгирӣ аз байни нерӯҳои низомии афғон, ки ҳоло дар Эрон ва ё Покистон рӯзона бояд барои 3 то 4 доллар кор кунанд, кори сахте нест.”
Ба гуфтаи ин манбаъ дар сурати истихдом кардани як нафар аз гурӯҳе метавон ниме аз гурӯҳи ӯро низ ба узвият даровард зеро онҳо монанди бародарон ҳастанд ва пас аз ба узвият даровардани яке аз онҳо, истихдомкунандагон хеле зуд як рӯйхати комил хоҳанд дошт.