Рубрики Хабарҳо

«Номерканӣ»дар Душанбе ба бизнеси дигари Рустами Эмомалӣ рабт дорад

Давоми ду рӯзи охир ду хабаре нашр шуд, ки зоҳиран ба ҳамдигар ҳеҷ рабте надоранд. Вале ҷузъиёти ин хабарҳо ишора бар он доранд, ки Оила боз нақша гузоштааст “бизнес”-и наве ба роҳ монад.

Ду рӯзи охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари кандани рақамҳои давлатии таксиҳои Душанбе доғ шуд, ки ҳам ронандагони таксӣ ва ҳам мусофиронро нигарон кардааст.

Тавре расонаҳо хабар доданд, Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе танҳо дар давоми ду рӯз фаъолияти беш аз 200 таксиро боздоштааст. 

Бахтиёр Вайсзода, сардори БДА дар шаҳри Душанбе хабарҳо дар бораи баркандани рақами қайди давлатии таксиҳоро шарҳ дода гуфтааст, ки он “амалиёти мақсаднок ба хотири аз назар гузаронидани ҳолати техникии онҳост”.

Ӯ гуфтааст, ки имрӯз дар пойтахт барои таксӣ 4 ҳазору 100 квота муқаррар шудааст, вале дар ҳақиқат зиёда аз 6 ҳазор мошини хурд бо хизматрасонии таксӣ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ронандаҳо барои гирифтани мусофир қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон мекунанд, дар ҷойҳои номувофиқ мусофир мегиранд ва дар натиҷа боиси садамаҳои нақлиётӣ мегарданд. Аллакай чанд садамаи нақлиётӣ бо айби ронандагони мусофиркаш рух додааст, таъкид карда ин мақомдор. Ба қавли ӯ, “ин мошинҳо ба талаботи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷавобгӯ нестанд”.

Гуфтанист, чанд ширкати бузурги таксиронии Душанбе аллакай ба аъзои хонаводаи раисҷумҳур мутааллиқанд. Зоҳиран ба ҳамон қисми боқимонда ҳам чашм ало кардаву дар фикри монополияи комили такси дар Душанбе афтодаанд.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки бо қарори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳаракати таксиҳои соли бароришашон то соли 2016 дар кӯчаҳои Душанбе манъ карда мешавад ва он “бо мақсади таъмини бехатарии мусофиркашонӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт ва афзалият додан ба нақлиёти ҷамъиятии бузургҳаҷм рӯи даст гирифта шудааст”.

Дар мавриди он, ки “нақлиёти ҷамъиятии бузургҳаҷм”, яъне автобусу троллейбусҳо наметавонанд ба таври кофӣ барои мусофирон хидматрасонӣ кунанд, сухан бисёр гуфта шудааст ва шикояти беҳисоби мусофирон дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ қайд шудаанд. Пас, ин ҳама танҳо баҳонаҳое ҳастанд ва ҳукумати Тоҷикистон, аниқтараш шаҳрдори пойтахт ва писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ дар фикри бизнеси худ аст.

Хабари дуввум, ки 1 декабр агентии давлатии “Ховар” нашр кард, таъкид мекунад, ки татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд. 

Дар ин мақолаи дарозу пуртумтароқе агентии давлатӣ дар муқоиса бо кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ фоидаҳои гузариш ба нақлиёти барқиро исбот мекунад. Дар ҳамин ҳол зикри озодие, ки таксиронҳо дар кишварҳои пешрафта доранду камтарин монеъае барояшон нест зикр намекунад. Ҳазорҳо тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ бо мошинҳои наву кӯҳна таксиронӣ мекунанд.

Дар “мақола” аз ҷумлаи афзалияти нақлиёти барқӣ “самаранокии энергетикӣ, коҳиши газҳои гулхонаӣ, партовҳои зараровар, ифлосшавии ҳаво дар шароити глобалии тағйирёбии иқлим, беҳтар шудани муҳити шаҳр ва бехатарии роҳ ” зикр мешавад. Чаро ин хабаргузорӣ масъалаҳои муҳими дигар, аз ҷумла озодии баёну андеша, шароити иқисодӣ, сатҳи коррупсия ва фасод ва дигарҳоро муқоиса мекунад, маълум аст.

Гуфта мешавад, дар доираи татбиқи барнома хизматрасониҳои рақобатпазир ва самараноки нақлиёт, аз ҷумла “тавассути зиёд намудани ҳиссаи нақлиёти мусофирбар бо истифода аз нақлиёти барқӣ” таъмин мегардад. Ба назар мерасад, ҳукумат масъалаи воридоти нақлиёти барқиро дар сатҳи болотарин ва ба таври ҷиддӣ баррасӣ кардааст. Мутмаинан, Оила даромади хуберо эҳсос кардааст ва ҳамаи ин ташаббусҳо маҳз барои ҳамин ба роҳ монда мешаванд.

“Ховар” аз ҷумла қайд мекунад, ки нақлиёти барқӣ ба иқлими Тоҷикистон мусоид аст. “Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ва офтобӣ дорои иқтидори бузурги манбаъҳои барқароршавандаи энергияи сабз — гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ барои рушди парки нақлиёти барқии аз лиҳози экологӣ тоза ва сарфаи сӯзишворӣ ҷолиб аст”, — гуфта мешавад дар хабар. Вале агентӣ хабар надодааст, ки чӣ гуна кишвар метавонад ба пуррагӣ ва ё ҳатто қисман ба нақлиёти барқӣ гузарад, дар ҳоле ки аҳолии худро наметавонад бо барқ таъмин намояд. Зоҳиран “лимит” ба нақлиёти барқӣ дахл нахоҳад дошт, ҳамон гуна, ки ба ҳеҷ бизнеси Оила дахл надорад. 

Гуфта мешавад дар Тоҷикистон аллакай электромобил мавриди истифода қарор гирифтааст ва дар кишвар 120 адад мошинҳои сабукрави барқӣ (0,027 дарсад аз ҳаҷми умумӣ) ба қайд гирифта шудааст.

 Қаблан ҳам хабарҳое нашр шуда буд, ки бо дастури шаҳрдори пойтахт ва писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ ширкатҳои таксии кишвар ба воридоти электромобилҳо оғоз карда буданд. Гуфта мешуд, ки яке аз ширкатҳои таксӣ 20 адад мошини барқии тамғаи «BYD E2»-ро вориди кишвар кард. 

Ба назар мерасад, ҳам кам кардани адади таксиҳои “ғайриқонунӣ” бо кандани рақамҳои давлатии онҳо ва ҳам амалӣ кардани барномаи “рушди нақлиёти барқӣ” танҳо як ҳадаф дорад: ба даст гирифтани бозори мусофиркашонии пойтахт.  Қаблан Оила чанд маротиба кӯшиш карда буд ин бозорро ба худ тасхир намояд, вале муваффақ нашуда буд. Ҳатто бо ин мақсад соли 2013 миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ ва ширкати ӯ “Asian Express Terminal”-ро  “кидат” карда буд. Вале аз сабаби идораи нодуруст ин ширкат наздик ба муфлисӣ расид. Хотиррасон мекунем, ки соли 2014 Эрон изҳор дошт, ки ба суратҳисоби Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон 2 млрд 700 млн доллар гузаронида шуда буд ва баъдан ин пулҳо бедарак шуданд. 

Зоҳиран ба Оила даромаде, ки аз ширкатҳои худи мегирад кифоя намекунад, бинобар ин ба натиҷа расидааст ҳамаи таксиҳои хусусиро манъ кунад ва аз тариқи ширкатҳои ба Оила наздик ин бозорро ба даст орад. Бинобар ин, ҳамаи сохторҳои марбут ба мусофиркашонӣ, хусусан БДА ва Вазорати нақлиёт фармон гирифтаанд бо ҳар роҳе бошад, адади таксиҳои хусусии пойтахтро кам кунанд. 

Дар ояндаи наздик фармоне содир мешавад, ки танҳо ба нақлиёти барқӣ фаъолияти таксиро иҷозат медиҳад. Ҳадафи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ” барои солҳои 2023–2028 маҳз ҳамин аст. Падари “меҳрубон” мехоҳад ба писари “эркача”-и худ боз як бизнеси даромаднокеро ҳадя кунад.

Ин “бизнес”-и нав метавонад аз чанд роҳ ба Оила даромад орад:

1. Монополияи бозори мусофиркашонӣ ва тариқи ширкатҳои ба Оила наздик. Ҳар як мусофире, ки аз таксӣ истифода мебарад, маблағи муайяне ба кисаи Оила, аниқтараш худи Рустами Эмомалӣ пардохт мекунад. Он дар шакли “комиссия” аз ҳар як мусофир бо воситаи ширкати таксӣ ситонида мешавад.

2. Монополияи воридоти мошинҳои барқӣ. Дар ҳолати содир шудани қарори ҳатмӣ шудани мошинҳои барқӣ дар фаъолияти таксӣ, талаботи худи пойтахт бештар аз 6 ҳазор адад аст. Агар нархи мёнаи мошинҳои барқӣ 20 ҳазор доллар бошад, пас танҳо бозори пойтахт 120 млн долларро ташкил медиҳад. Дар ҳолати ҷорӣ кардани ин қарор дар шаҳру ноҳияҳои дигар ин бозор наздик ба 1 миллиард мешавад.

3. Давоми чанд вақти охир дар бораи ворид шудани ширкати русии “Яндекс Gо” ба бозори хидматрасонии таксиҳо дар Душанбе сару садоҳо паҳн мешавад. Албатта, бе ҳамкориву дастгирии Рустами Эмомалӣ ҳеҷ ширкати бузурге наметавонад вориди пойтахт шавад. Ҳатман, ин ширкат ҳамчу шарики Рустам вориди бозор мешавад. Рустам бошад, барои ин ширкат шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. 

4. Фоидаи дигари хуберо Рустам метавонад аз нуқтаҳои пур кардани захираи барқ дошта бошад. Бо зиёд шудани адади нақлиёти барқӣ дар ҳама гӯшаву канори шаҳр чунин нуқтаҳо пайдо мешаванд. Бо назардошти он, ки Барқи Тоҷик ба Оила ҳамеша бепул барқ медиҳад, даромади ин нуқтаҳои пур кардани захираи барқ ҳангуфт хоҳад буд, зеро онҳо хароҷоти асосӣ, яъне пардохти пули барқро надоранд.

5. Ҳатман ба наздикӣ қарори дигаре аз тарафи падари “меҳрубон” содир мешавад, ки ҳангоми воридоти нақлиёти барқӣ баъзе ширкатҳоро аз пардохти боҷи давлатӣ озод мекунад ва бо ин роҳ даромади бештареро ба Рустам таъмин мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *