Иззат Амон, фаъоли сиёсиву ҷамъиятӣ ва раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав аз марги 7 ҷавони тоҷик дар як рӯз хабар дод. Тибқи гуфтаи ӯ ин ҷавонон аз 20 то 35 сол доштаанд.
Яке аз ин ҷавонон бар асари коруно ҷон дода, бархе дар садамаи нақлиётӣ, беморӣ ва ғайра ҷон додаанд.
Иззат Амон навиштааст:
Аввалин марг аз куруно дар шуюъи мавҷи дуввуми вируси фарогир.
Ҳамин рӯз танҳо дар Маскав ва навоҳии он мо ҳафт нафар ҷаноза доштем. Ҳамагӣ ҷавонҳои аз 20 то 35 сола.
Дидани марги ҳамватан корест басо мушкил. Зиндагӣ бароям беранг гашта. Ҳамеша ҳавли маргро ҳис менамоям. Азбас бо марг наздик будам.
Ба зудӣ дафтари «Маркази тоҷиконро» хоҳам баст. Дигар тобу тавон надорам…
Як намояндаи Маркази тоҷикон, ки мегӯяд омадани мошини мурдахонаро барои бурдани ҷасади тоҷики аз беморӣ дар роҳ вафоткарда мунтазир аст, аз марги 5-6 шаҳрванди Тоҷикистон гузориш медиҳад.