Ширкати Galaxy Samsung эълом карда, ки аз таърихи 25 феврал дигар қодир ба фурӯши маҳсулоташ дар Эрон нахоҳад буд. Маҳсулоти ройгони ин ширкат аммо ҳамчунон дар дастраси эрониён боқӣ мемонанд.
Фурӯшгоҳи Galaxy, ки маҳсулоти муртабит бо гӯшиҳои Android Samsung-ро арза мекунад дар иттилоъе ба забони форсӣ хитоб ба муштарёнаш дар Эрон навишта, ки аз таърихи 25 феврал дигар қодир нахоҳад буд ба масрафкунандагон дар Эрон имкони хариди барнома ё мӯҳтавои барномаро бидиҳад.
Дар ин паёми кӯтоҳ тавзеҳ дода шуда, ки масрафкунандагон эронӣ ҳамчунон қодир хоҳанд буд барномаҳои ройгони ин ширкатро боргирӣ кунанд.
Як коршиноси фановарии иттилоот дар заминаи иқдоми ширкати Samsung ба хабаргузории ИСНО гуфтааст, ки имкони таҳрими нармафзорҳои ройгон низ вуҷуд дорад.
Ато Холиқӣ гуфтааст: “Агарчи корбарон дар Эрон маъмулан аз нармафзорҳои ройгон истифода мекунанд, аммо ин иттифоқ мумкин аст як шурӯъ бошад, монанди иттифоқе, ки барои апостур афтод ва ба тадриҷ мумкин аст нармафзорҳои ройгон ҳам ба ин таҳримҳо изофа шаванд; Дар он сурат танҳо маркетҳои маҳаллӣ боқӣ мемонанд ва аксари барномаҳои хориҷӣ эҳтимолан рӯйи маркетҳои хориҷӣ нахоҳад монд.”
Авохири соли гузашта ширкати Aplle низ фурӯши маҳсулоташ дар Эронро қатъ кард. Ин ширкат арза апликейшнҳои эрониро низ мутаваққиф кард. Ширкати гугл низ фурӯши маҳсулот худ ба корбарони дохили Эронро мутаваққиф кард. Ин маҳдудиятҳо ба далели эъмоли таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон эҷод шудаанд.
Эрон пас аз эъмоли ин маҳдудиятҳо зоҳиран пайгирии ҳуқуқии ин мавзӯъро оғоз кард, аммо ба гуфтаи мудири кули ҳуқуқии созмони фановарии иттилоот, ҳанӯз ин пайгириҳо ба натиҷа нарасидааст.