Рубрики Хабарҳо

Убайдуллоев фаҳмидааст, ки мансабдорон дар фасод даст доранд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи фасодкориро дар кишвар таҳлил кардааст ва гуфтааст ҳузновараш он аст, ки дар ин кор мансабдорони давлатӣ даст доранд.

Ӯ дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ изҳор дошт, дар масъалаи коррупсия Тоҷикистон дар миёни 180 давлат мавқеи 153-умро ишғол кардаастд, ки басо ҳузновар аст.

“Аз таҳлиле, ки ман анҷом додам, аз 607 нафар маҳкумшуда 253 нафари онҳо намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла судяҳо, кормандони мақомоти судӣ, корҳои дохилӣ ва ғайра мебошанд” – тазаккур додааст ӯ.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки чорабиниҳо барои решакан кардани коррупсияро тақвият диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *