Ба номи Худованди Бахшояндаву Меҳрубон
Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава гирди ҳам чамъ омадем, то паёми худро ба режими ҷинояткори Эмомали Раҳмон, мардуми шарифи Тоҷикистон ва кишварҳои дӯст бирасонем.
Паёми мо ба режим ин аст:
1. Аз боздошти модарон ва хонаводаҳои маҳбусини сиёсӣ даст бикашад.
2. Таъқибу боздошт ва бофтани туҳматҳоро нисбат ба адвакатҳои бо ғайратва бономуси миллат, хотима бахшида, тамоми адвакатҳои боздоштшударо озод намояд.
3. Дигар намешавад, ки ҳамеша бо дӯруғ, тӯҳмат, саркубкунӣ,шиканҷа, ғорати мардуми худ, ҳабсҳои тӯлонӣ ва қатлу куштор ҳукумат кунед. Мо боварии комил дорем, ки он рӯз, ки шумо ба ҷазои амалатон бирасед ва дар назди миллати тоҷик ҷавоб диҳед, дур нест. Шумо ҳоло фурсат доред, ки Тоҷикистонро бо соҳибони воқеъияш –мардуми шарифи он вогузор кунед. Дар акси ҳол бо ин ҳама зулме, ки сари ин мардум кардед, ҳаргиз умеди бахшише бароятон нест.
Паёми мо ба мардуми шарифи ситамдидаи Тоҷикистон ин аст, ки ин режими ҷинояткор барои монданаш дар сари қудрат ҳама ҷиноятҳоро анҷом дод. Дар муддати 24 сол мардумро овораву саргардон кард ва кишварро ба хориҷиён фурухт. Беҳтарин фарзандони миллатро кушт ва ё пушти панҷара кард ва садҳо ҳазор ҷавонони тоҷикро ба кишварҳои дур муҳоҷиру сарсон намуд.
Ҳатто ба модарони тоҷик ҳам раҳм накарда онҳоро бо ҳаргуна туҳматҳо онҳоро боздошту зиндони мекунад.
Мо тамоми ин амали зиддиинсонӣ ва золимонаи режимро маҳкум намуда, озодии ҳарчи зудтари адвокатҳо махсусан Ёровҳоро талаб менамоем. Мо эълон мекунем, ки то озодии ин боздоштшудаҳо ва тамоми зиндониёни сиёсӣ бо истифода аз тамоми василаҳои машруъ муборизаи худро идома хоҳем дод.
Аз мардуми шарифи кишварамон низ хоҳиши онро дорем, ки ба дуруғу туҳматҳои ҳукумати худкома ва золимонаи Раҳмон боварие надошта бошанд ва кӯшиши онро кунанд, ки бо хомӯш истоданашон занҷири ғуломиро бо дастони худ ба гарданашон наовезанд ва аз ҳама роҳҳои машруъ барои аз байн бурдани ин режими худкома истифода кунанд.
Мо аз тамоми кормандони мақомоти қудратӣ ва суду прокурорҳо даъват мекунем аз шарик будан дар ҷиноятҳои ин режим худро канор гиранд ва дастонашонро бо молу хуни мардум олуда насозанд. Зеро ҳукуматҳо мераванд ва миллатҳо ҳастанд, ки боқӣ мемонанд.
Паёми мо ба кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилаллӣ, ба хусус СММ, ИА, СҲИ ин аст, ки:
1. Дар қиболи ин ҳама зулму ситам ва рабудани одмаҳо ва боздошти адвакатҳо хомуш набошанд.
2. Ба ҳукумати диктотурии Раҳмон фишор биоранд, то маҳбусини сиёсӣ ва адвокатҳоро озод намоянд.
3. Аз ҳамкори ва робита бо чунин низоми гайридемократӣ, авторитарӣ, авлодӣ ва диктотурӣ, ки ба хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд ва тамоми санадҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон поймол мекунад, даст бикашанд.
4. Барои раҳоии Ҷамшед Ёров адвокати машҳур бетараф набошанд.
31.08.2016
Лаҳистон, ш. Варшава