Categories Хабарҳо

Баргашти занону кӯдакони тоҷик аз Сурия

Шоми 25 июли соли 2022 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо як парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд.

“Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад” — омадааст дар хабар.

Гуфтанист, 15 феврали соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дода буд, ки ҳоло дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Ар-Равҷи Сурия беш аз 260 нафар занону кӯдакони Тоҷикистон қарор доранд.

Бино ба гуфтаи ӯ барои баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ватан дипломатҳои тоҷик моҳи декабри соли 2020 ба Сурия, аз ҷумла ба урдугоҳҳои ал-Ҳавл ва ар-Равҷ сафари корӣ анҷом дода, зимни он бо шаҳрвандони кишвар вохӯрданд. Барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия корҳо идома доранд.

«Вазорат дар ин самт ба Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки ӯ ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар низ Сурия мебошад, ваколат дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ҳукумати Сурия ҳамкории зич дорад», — гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ  30 апрели соли 2019 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида буданд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *