Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон таъкид карда, ки новобаста аз COVID-19 дар фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ навгониҳои соҳавӣ ба вуҷуд омаданд.
Ахиран дар ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2020, Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар соли ҷорӣ новобаста аз мушкилоти ба вуҷуд омада, яъне ҳамагирии коронавирус, дар фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ навгониҳои соҳавӣ ба вуҷуд омаданд.
Вай афзуд, ки махсусан, дар ин давра як қатор муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Аммо, Шодихон Ҷамшед дар куҷо ва дар кадом шаҳру навоҳии кишвар кадом муассисаи тиббӣ бо таҷҳизоти замонавтӣ ҷиҳозонида шуданд, чизе нагуфтааст.
Ба гуфти Шодихон Ҷамшед, » ба таъмин намудани беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо табибони баландихтисос махсусан, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст”.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки дар анҷоми ҷаласа барои бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.