11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

HRW Байденро ба тақвияти ҳуқуқи башар даъват кард

Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, аз президенти мунтахаб Ҷо Байден даъват кардааст, ки баъди чаҳор соли ҳукуматдории Доналд Трамп, ӯҳдадориҳои ИМА-ро барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар тақвият диҳад. Ин созмон инчунин хостааст, ки маъмурияти Байден ба эътилофи бузургтаре барои муқовимат ба “бозигарони пурқудрат”-и мисли Русия ва Чин, ки ҳуқуқи башарро дар сатҳи ҷаҳонӣ поймол мекунанд, бипайвандад.

Дар гузориши HRW омадааст, дар Осиёи Марказӣ мунтақидони ҳукумати Қазоқистон бо “азияту озор ва таъқиб рӯбарӯ шуданд ва озодии баён маҳдуд шуд”. Мақомот дар Қирғизистон дар иҷрои фаъолиятҳои касбии журналистону ҳуқуқшиносон мушкил эҷод карданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар чанд ҳолати нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро дар гузориши худ зикр кардааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон “бо зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон идома дода, онҳоро бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон андохтааст”. Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар омадааст, ҳукумати Тоҷикистон озодии баён, ҷамъомад ва озодии динро аз роҳи ҷорӣ кардани сензураи қавӣ дар Интернет маҳдуд кардааст.

Дар гузориши солонаи HRW омадааст, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон “дар фазои зери назорати сахт гузашт” ва “мухолифони воқеӣ берун карда шуданд”. Ба маҷлиси қонунгузор ҳеҷ як аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократӣ роҳ наёфтанд, дар ҳоле, ки фаъолияти ҳизби умдаи мухолиф – Ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 2015 манъ шудааст.

Дар гузориш сарнавишти зиндониҳо дар давраи пандемияро ҳам зикр карда ва гуфтаанд, ки “мақомот барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар зиндонҳо ҳеч коре накарданд”. 

Дар гузориш инчунин аз мавридҳои таъқибу азияти мунаққидон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, фаъолони “Гурӯҳи 24”-и сокини Русия Хурсанд Нажмиддинов ва Ҷамшед Шарипов ёдовар шудааст. Ҳизбулло Шовализода, ки аз ҷониби мақомоти Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд, бо иттиҳоми узвият дар ҲНИТ ба ҳабс гирифта шуд, вале ин ҳизб мегӯяд, ки Шовализода ҳеҷ гоҳ узви ҲНИТ набуд. Дар Литва як фаъоли дигари мухолифон Илҳомҷон Ёқубов аз ҷониби ду ҳамлагар латукӯб шуд.

Дар гузориш аз азиятҳои наздикони собиқ аъзои раёсати ҲНИТ – духтари Ҳикматулло Сайфуллозода – Фарзона ва писари Зубайдуллоҳи Розиқ – Асрориддин ёдовар шудаанд. Ба қавли HRW, Фарзона Сайфуллозодаро маҷбур карданд, ки зери навори видеоӣ зидди ҲНИТ сӯҳбат кунад. Асрориддин Розиқов бо иттиҳоми ифротгарӣ ба зиндон рафт, 13 узви хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, узви дигари ҲНИТ, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, боздошту азият шуданд.

Дар бахши озодии баён бо такя ба Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз 80 мавриди озору азияти журналистон дар солҳои 2017-2019 хабар додааст. Гузориш аз як соли зиндони Далер Шарипов, журналисти мустақил, иттиҳом ба вебсайти Akhbor.com ба “хидмат ба созмонҳои террористӣ”, латукӯби журналисти “Азия-Плюс” Абдулло Ғурбатӣ, манъи сабтиноми журналисти ТВ “Настоящее время” Анушервон Орипов ва сабти ном накардани 8 журналисти Радиои Озодӣ барои кор ҳамчун мавридҳои дигари поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ёдовар шудааст.

Эрдуғон аз Ватсап даст кашид

Дар Маскав ҳаво -25 мешавад

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *