Вазорати молияи Амрико Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳое қарор дод, ки эҳтимоли вуруди молу колоҳои таҳримшуда тавассути ин кишварҳо ба бозорҳои Русияву Белорус вуҷуд дорад.
Дар рӯйхат ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Туркманистон ворид шудаанд. Ин санад аз тарафи Шабакаи мубориза бо ҷиноятҳои молӣ ва Бюрои саноат ва бехатарии Вазорати молияи Амрико таҳия шудааст.
Илова ба Тоҷикистону кишварҳои дигари ОМ, дар ин рӯйхат Гурҷистон, Арманистон, Чин, Ҳинд, Мексика, Исроил, Сербистон, Африқои Ҷанубӣ, Тайван, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ҷой гирифтаанд.
Дар санад омадааст, колоҳои таҳти назорат метавонанд, ба таври қонунӣ ҳамчун маводи хом ба ин кишварҳо содирот шаванд. Аммо содироти бештари онҳо ба Беларус ва Русия манъ аст. Маводи мавриди таваҷҷуҳи хос шомили таҷҳизоте аст, ки метавонад ба ҳадафҳои низомӣ истифода шавад.
Кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи низомии Русияро ба Украина, ки рӯзи 24-уми феврали имсол оғоз шуд, ба шиддат маҳкум карданд. Дар ҳоли ҳозир феҳристи таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бинобар ин ҳамла дар ҳоли густариш аст.
Бисёре аз бонкҳои маъруфи Русия, ширкатҳои бахши дифоӣ, тоҷирону сармоягузорон ва мақомоти баландпоя, аз ҷумла Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қаблан таҳти маҳдудиятҳо қарор гирифта буданд.