Қумринисо Ҷабборовна: Ҳамсар ё модари оппозитсионери тоҷик будан дарду ранҷи зиёде дорад
Хонум Қумринисо, ҳамсари шаҳид Умаралӣ Қувватов, аз вазъияти ногувори модарон ва аъзои хонаводаи фаъолони сиёсии тоҷик изҳори нигаронӣ карда, гуфт: “Ҳамсари мухолиф ё модари мухолиф будан дарду ранҷи зиёде дорад.”
Қумринисо Ҷабборовна (Ҳафизова), ҳамсари Умаралӣ Қувватов, муассиси гурӯҳи мухолифи “Гурӯҳи 24”, ки моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия террор шуд, рӯзи 26-уми июли соли ҷорӣ, дар зери матлаби Бобоҷон Қаюмов, мабнӣ бар инки “Ҳукумати модаркуш! Ҳангоми конфронси Варшава модари Абдусамадро шаҳид карданд, ҳоло бошад модари Ҷаннатуллоҳ. Фардо чӣ?”, навишт: “Ҳамсари мухолиф ё модари мухолиф будан дарду ранҷи зиёд дорад! Хеле ангуштшумор инсонҳое ҳастанд, ки дарди як каси дигарро дарк кунанд. Барои сухани ҳақ, ҳама аз Шумо рӯй мегардонанд!”
Ӯ афзуд: “Банда худ чунин рӯзҳоро сипарӣ дорам. Бисёриҳо танҳо барои ҳамсари Умар буданам, манро дар рӯйхати сиёҳ монданд.!”
Ин ҳамсар ва ҳам модари тоҷик бо чашмони худаш сахтиҳои рӯзгорро танҳо ба хотири инки ҳамсари як оппозитсионери тоҷик аст, бо 6 фарзанди ятимаш пушти сар кард ва то ҳол сипарӣ карда истодааст.
Хонум Қумринисо бо ишора ба шаҳодати модари Ҷаннатулоҳи Комил, яке аз фаъолони сиёсии тоҷик дар хориҷ аз кишвар, ки дар пайи фишору таъқиботи бераҳмона ва таҳдидҳои зиёд ду рӯз пеш даргузашт, қайд кард:
“Инҳо мухолифони ҳукумати Раҳмонов ҳастанд ва ба хотири муборизаҳояшон, модарони бечораашон аз дасти ин золимони хунхор рӯз надиданд.”
Ӯ афзуд: “Гуноҳи ин модари ғамдида ин буд, ки танҳо фарзандаш мухолифи ҳукумати худкомаи Раҳмонов буд.”
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки холаи Саймо Қулова, модари 72-солаи Ҷаннатуллоҳи Комил, аз фаъолони сиёсии тоҷик ва намояндаи ҲНИТ дар Олмон, пас аз фишору таъқиб ва таҳдидҳои фаровон вазъи саломатиаш бад шуда, бар асари фишори баланди хун рӯзи 26-уми июли 2017 дунёи фониро падруд гуфт.
Ин амали мақомоти тоҷик, ки боиси марги ин модари 72-солаи тоҷик гардид, хашми мардумро бар афрӯхт ва боиси вокунишҳои шадид ва маҳкумкунанда, бахусус дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ унвонҳое зуҳур карданд, ба монанди “Модаркушӣ бас!”, “Модаркуширо мутаваққиф кунед!”, “Модаре дар асорати режим”, “Пас аз даргузашти модари Абдусамад ва модари Ҷаннатуллоҳ, навбати модари кист?” ва “Модари Ҷаннатуллоҳ модари мост”.